Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

бошад, дар хонаи худ бо навбат политсаю гестапочиёнро зиёфат мекунад.

Вай чизҳои дар рӯи миз бударо нишон дод: - Ана ин арақу газақ. Ҳамин ки «меҳмонҳоямон» нӯшида маст шуданду кайф карданд, мо ассалом гуфта медароем...

  • Баъд чӣ? - пурсид Маруся.

  • Ба қароргоҳи отряд таклиф мекунем. Агар не гуфта нозунуз кунанд, ба сари китфамон бардошта мебарем. Вазифа фаҳмост?

Маруся сар ҷунбонд. Вай, албатта, ба маънои калимаҳои «таклиф кардан», «нозунуз намудан», «ба сари китф бардошта бурдан» сарфаҳм мерафт ва дар асл чӣ хел шудани ин корҳоро хуб тасаввур мекард, бинобар он дигар ҳеҷ чиз напурсида баромада, ба хонаи худаш рафт. Баъд Василий ба Харитон-амак муроҷиат карда пурсид:

  • Мо дар куҷо пинҳон мешавем?

  • Дар таҳхонаи худам, - фавран ҷавоб дод Харитон-амак, - ман ба туфайли Мария бо Генрих хуб шинос шудам, - вай чанд маротиба ба ин ҷо омада, боз сиҳат саломат ба Чернухино баргашта буд, бинобар ин вай ба ман боварӣ дорад, хавф намебарад.

  • Хеле хуб, - гуфт Василий ва илова кард: - Агар, фарз кардем, фашистҳо ба шумо бовар накарда, ба таҳхона дароянд ҳам гапе нест: мо онҳоро беяроқ мекунем. Вассалом.

Гашти рӯз чор нафар политсай ба ду мотосикл савор шуда омаданд. Онҳо деҳаро давр зада баромада, баъд бо арбоб Харитон-амак суҳбат карданд. Харитон-амак ба политсайҳо фаҳмонд, ки партизанҳо дар зери назорати немисҳо будани Лукашиноро дониста, як моҳ боз ба ин ҷо наомадаанд.

  • Гап дар ин ки, - гуфт яке аз политсайҳо, - бегоҳ ба ин ҷо бо супориши махсус ҷонишини коменданти Чернухино Генрих меояд, бояд эҳтиёт шуд.
пешина
аз 349
навбатӣ