Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Бепарво бошед, - гуфт Харитон-амак. - Ҳеҷ гап намешавад, ҷаноби Генрих сиҳату саломат омада, сиҳату саломат бармегарданд.
  • Ба ҳар ҳол, муҳофизати ӯ ба зиммаи мо гузошта шудааст.
  • Магар ҷаноби Генрих шаб дар ин ҷо мемонанд? - пурсид арбоб.
  • Бале, ӯ шабро дар хонаи маҳбубааш Маруся мегузаронад, мо бошем тамоми шаб ӯро бо навбат посбонӣ мекунем.

Ин кори ба даст даровардани Генрихро мураккабтар мекард. Харитон-амак ба рӯи миз арақ гузошта, худаш бо баҳонаи газак овардан ба таҳхона рафт ва Василийро аз гуфтугӯи худ бо политсайҳо огоҳ кард.
Василий фикр карда монд. Он гоҳ Харитон амак гуфт:

  • Хонаи Маруся дар канори деҳа воқеъ аст. Дар паси хона боғча ҳаст. Тирезаи ошхона ба боғча менигарад. Ман ба Маруся мефармоям, ки тирезаи ошхонаро кушода монад. Генриху Маруся, албатта, бо айшу ишрат машғул мешаванд. Дар назди дари даромад эҳтимол, як ё ду нафар политсай навбатдорӣ мекунанд. Ман то омадани Генрих политсайҳоеро, ки ҳозир дар хонаам нишастаанд, меҳмоннавозӣ мекунам, бигузор бисёр нею кам-кам нӯшанд, газак кунанд. Чӣ мегӯед, ки Маруся дар хонаи худаш ва ман дар ин ҷо меҳмонҳои нохондаро хеле хуб зиёфат мекунем.
    Ана баъд шумо ба амалиёт шурӯъ мекунед.
  • Амал кун, - фармуд Василий.

Харитон-амак аз бочкае, ки дар як гӯшаи таҳхона меистод, як табақча карами шӯр гирифта, назди политсайҳо баргашт.

Қарибии бегоҳ боз чор мотосикли сечарха чанги
роҳро ба осмон бардошта ба деҳа даромад. Дар яке аз
онҳо Генрих нишаста буд. Бо фармони ӯ фашистони
мотосиклсавор ба осмон нигоҳ карда, аз автоматҳо як

пешина
аз 349
навбатӣ