Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

навбат тир холӣ карданд. Арбоб ҳамроҳи политсайҳо ба истиқболи Генрих баромада гуфт: «Дар деҳа оромӣ, метавонед, бемалол истироҳат кунед». Политсайҳо тасдиқ карданд: «Тамоми деҳаро дида баромадем. Ҳама ҷо ором. Партизанҳо бошанд, қариб як моҳ боз ба ин ҷойҳо наомадаанд...».

Генрих хасташуда менамуд. Вай суханҳои арбобу политсайҳоро дуруст гӯш накарда, ду нафар мотосиклронро ҷавоб дод, то ки баргашта ба шаҳр раванд, ба дигар политсайҳо фармуд, ки ба ҳар ҳол ҳушёр бошанд, хонаи Марусяро, ки вай дар он ҷо меистад, бо навбат посбонӣ кунанд.

Генрих ҳамроҳи ду нафар политсай бо чизҳои ба коғаз печонида ба хонаи Маруся даромад. Маруся гӯё Генрихро пазмон шуда бошад, бо чашмону лабони хандон ба истиқболи ӯ аз ҷо парида хеста, гуфт:

  • О-о, Генрих! Чӣ хел шуд, ки худат омадӣ? Ман фардо наздат рафтанӣ будам.

Генрих Марусяро ба оғӯш кашида бӯсид. Политсайҳо бо ишорати Генрих чизҳои овардаашонро рӯи миз гузошта, худашон аз хона баромаданд.

  • Туро ёд кардам, Маруся, - гуфт шинелашро аз танаш бароварда истода, - баъд ин, ки ман бисёр хаста шудаам, назди ту барои дам гирифтан омадам.

  • Хоб кардӣ, Генрих, ман аз омаданат хурсандам, - гуфт Маруся шинели Генрихро аз дасташ гирифта.

  • Гап зан, чӣ пазам?

  • Ин ҷо, - Генрих чизҳои коғазпечро нишон дод, - ҳасиб, равғани зард, тухм, гӯшт, ҳар чӣ хоҳӣ ҳаст. Алҳол ягон чиз бирён кун.

  • Хуб шудааст, - гуфт Маруся. - Оби гарм ҳаст, дасту рӯятро шӯй, ман ҳозир тухмбирёни серпиёз тайёр мекунам. Ғазаки дӯстдоштаи ту.

Баъд воқеа, чӣ тавре ки Харитон-амаку Василий нақшаашро таҳия карда буданд, ҳамон тавр давом

пешина
аз 349
навбатӣ