Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

маълум набуд. Шултс ва Франс хеле кӯшиш карданд, ки бо пинҳонкоре вохӯрда, ратсияро ба вай супоранд, вале ин ба онҳо муяссар нашуд.

Бегоҳии рӯзи чорум Анастасия Андреевна аз бозори назди истгоҳ баргашта хабар дод: «Ба истгоҳ як эшелон асирони ҳарбии шӯравиро оварда фуроварданд. Гирду атрофи истгоҳро аскарони яккачини «СС» печонда гирифтаанд. Касеро аз истгоҳ баромадан ва ба он ҷо даромадан намемонанд.

Шабона Шултс омада монд. Ӯ гуфт, ки баъди дуздида бурдани ҷонишини комендант фашистон ҳама ҷоро ҷустуҷӯ карда, бисёр одамони бегуноҳро ба ҳабс гирифтаанд; кофтукови ратсияи пинҳонӣ ҳанӯз давом дорад. Шултс боз гуфт, ки асирони ҳарбиро даҳ километр дуртар аз Чернухино дар лагери махсуси барои онҳо сохташуда нигоҳ медоштаанд. Асирон рӯзона дар гирду атрофи Чернухино истеҳкомҳои ҳарбӣ месохтаанду шабона боз ба ҳамон лагер бармегаштаанд. Шултс инчунин нақшаи лагер, яъне роҳҳои рафтуомад, истгоҳи посбонҳо, ҷои комендатураи лагер, миқдори муайяни яроқу аслиҳа ва ҷойҳои нуқтаҳои оташфишониро, ки Франс дар рӯи қоғаз кашида дода буд, як-як ба Андрейка фаҳмонд. Баъд вай гуфт: «Нақшаро ба штаби отряди партизанӣ расондан даркор, ин кор аз дасти ту ва Анастасия Андреевна меояд. Танҳо дар назар доред, ки дар ҳамаи деҳаҳои гирду атрофи беша полицияю посбонони фашистон истодаанд, онҳо ҳамаро дар роҳ боздошта кофтуков мекунанд; рӯзона ба бешазор дохил шудан тамоман мумкин нест: дуюм ин, ки ҳоло дар кадом ҷои беша қарор гирифтани штаби партизанҳо на ба ман маълум асту на ба ту. Ба шумо лозим меояд, ки агар имконияти ба беша дохил шудан муяссар гардад, кулбаи бешабонзан Евдокия Осиповна-ро ҷустуҷӯ карда ёбед. Вай алоқадори партизанҳост ва ба шумо роҳ нишон медиҳад».

пешина
аз 349
навбатӣ