Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Андрейка пеш-пешу Евдокия Осиповна аз ақиб ба кулба даромаданд. Дар кунҷи хона печкаи чӯянӣ буд ва оташи он ғуррос зада даргирифт. Евдокия Осиповна Андрейкаро дар назди печка ба курсӣ шинонд. Ӯ каме гарм шуда, ба худ омад.
Евдокия Осиповна боз аз сар то пои Андрейкаро аз назар гузаронида пурсид:
-
Канӣ, росташро гӯй, бо супориши кӣ ба ин ҷо омадӣ? Киро ҷустуҷӯ мекунӣ? Ту, албатта, бе гап нестӣ?
-
Не, холаҷон, - гуфт Андрейка, - ман ба шумо гуфтам-ку, роҳ гум зада ба ин ҷо омада мондам.
Евдокия Осиповна ба суханони Андрейка бовар намекард. Вай ба худаш мегуфт: «Албатта, ин бача бо супориши кадом як ташкилоти пинҳонӣ ба назди партизанҳо рафтанию ба ман бовар накарда, қоил нашуда истодааст. Бачаи айёр будааст».
-
Ягон ҳуҷҷат дорӣ? - пурсид Евдокия Осиповна аз Андрейка.
-
Ҳуҷҷат? Не, холаҷон, ҳуҷҷате надорам.
-
Росташро гӯй? Пас, чӣ хел аз деҳаю работҳо, аз байни политсаю гестапочиён гузашта, ба ин ҷо омадӣ? Канӣ, росташро гап зан!
-
Ҳуҷҷат нею рухсатнома дорам, ҳа, рухсатнома, - гуфта Андрейка аз киссабағалаш рухсатномаашро бароварда, ба Евдокия Осиповна дароз кард.
Евдокия Осиповна рухсатномаро гирифта, бо диққат аз назар гузаронд. Ӯ сатрҳоро ба ҳиҷоҳо тақсим карда мехонд. Вай сатрҳои рухсатномаро то охир базӯр хонда баромада, ду калимаи охиринро бо овози баланд ба забон овард: «Комендант. Чернухино. Чернухино».
- Ана, ман нагуфтам, ки ту бе бало нестӣ, бача. Ин рухсатномаатро худи коменданти Чернухино имзо кардааст. Ту бо супориши политсаю гестапочиён ба ин ҷо омадӣ. Акнун фаҳмидам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо