Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан- Шумо ҳам гап задеду! - хандид Андрейка,
- Ман аз дидори политсаю гестапочиён безор, гурехта мегардам аз онҳо...
- Росташро гап зан, гуфтам: бо супориши кӣ ба ин ҷо омадӣ? Чаро дар дастат рухсатнома бо муҳру имзои гестапочиён? Чаро аз Чернухино? Магар ту намедонӣ, ки Артиши Шӯравӣ шаҳру деҳоти вилоятамро озод карда, босуръат ба ин ҷо омада истодааст?
Андрейка танҳо акнун боварӣ ҳосил кард, ки ин занак шахси эътимоднок аст ва бо партизанҳо алоқа дорад. - Росташ, ки ман ба шумо боварӣ надоштам, ҳақиқати ҳолро аз шумо пинҳон кардам.
- Хайр, зудтар гап зан! Бо чӣ ният ба ин ҷо омадӣ?
- Ман, хола, отряди партизаниро ҷустуҷӯ мекунам. Ман танҳо нестам. Аз ин ҷо дуртар кампире нишастааст, ки аз пой монд. Ман ӯро дар назди гулхан гузошта, худам ин ҷо омадам. Чӣ мешавад, ки пеш аз ҳама рафта кампирро биёрам?
- Ӯҳ, балоҷае, бачаи айёру пухтакор будай. Ҳаминро барвақттар гӯӣ намешавад. Офарин, ман ба матонату зиракиат қоил. Хез, рафтем!
Андрейкаю Евдокия Осиповна саросема аз хона баромаданд. Андрейка пеш-пешу Евдокия Осиповна аз қафо. Андрейка тез-тез роҳ мегашт, пешпо мехӯрд,- маълум буд, ки басе шалпар ва бемадор гаштааст. Онҳо ба назди гулхани кайҳо хомӯшгашта расида омаданд. Анастасия Андреевна дар бехи кундаи дарахт гиребонҳои палтояшро боло карда ва чашмонашро пӯшида пинак рафта буд. - Кампирро сармо задааст магар?, - гуфт Евдокия Осиповна ба сари ӯ хам шуда. Анастасия Андреевна базӯр нафас мекашид. Ӯро ба по рост карданд, лекин нашуд: кампир ҷисмашро бардошта натавониста, ба замин нишаста монд. Евдокия Осиповна бо барф сару

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо