Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • усто Нодир, ки ӯро мардуми деҳа ҳамчун устои обҷувозу осиёбсоз ва марди хушгапу зиндадил ҳурмат мекарданд, аз хонаи кадом як ошнои худ кабки хушхоне овард. Кабк хокистарранг буд, нӯли сурхи зебо, чашмони тез ва гирдаки сиёҳе дошт.

Шамсӣ кабкро дида хурсанд шуд, вале бо андешаи он ки падараш ин паррандаи зеборо барои ягон каси дигар овардааст, эҳтиёткорона пурсид:

  • Кабкро барои кӣ овардед, дада?
  • Ана халос, - гуфт усто Нодир, мӯйлабашро тоб дода истода, - худат хоҳиш карда будӣ-ку! Аллакай фаромӯш кардӣ?

Шамсӣ ба хотир овард: вай чанд рӯз пеш аз ин дар дасти як пирамард кабкеро дида буд, ки он бисёр хушрӯй менамуд. Кабк аз соҳибаш наметарсид, дам аз дасташ ба китф ва дам аз китфаш ба даст ҷаҳида, бо шунидани овози пирамард сар мебардошт ва чашмони гирдаки сиёҳашро мепӯшиду боз ҳамон лаҳза мекушод. Ба Шамсӣ чунин намуд, ки гӯё кабк сухани соҳибашро фаҳмида, дар ҷавоб чашмак мезанад. «Аз падарам хоҳиш мекунам, ки ба ман ҳамин хел як кабки хушрӯй ёфта диҳанд», - аз дилаш гузаронд Шамсӣ ва худи ҳамон рӯз хоҳишашро ба падараш баён карда буд. Ва ана падараш кабк ҳам ёфта оварданд...

  • Аз қафас барорам, парида намеравад? - пурсид Шамсӣ.
  • Мепарад, - ҷавоб дод усто Нодир. - Имрӯз дастам банд аст, фардо, албатта, қаноташро қайчӣ карда медиҳам. Ту ба вай обу дон деҳ ва ба худат ром кунон...

Шамсӣ розӣ шуд. Вай он рӯз то бегоҳӣ аз қафас дур нашуда, хониши кабкро гӯш кард, ба ӯ обу дон дод. Лекин рӯзи дигар ба қафас ҳатто наздик наомад.

  • Кабк ба дилам зад, - гуфт вай ба падараш, - ба ягон каси дигар диҳед...
пешина
аз 349
навбатӣ