Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Гестапочиён роҳбари ташкилоти пинҳонии комсомол Олга Филимоноваро дар ҳабсхона азобу шиканҷаи зиёде доданд. Ӯро аввал луч карда, бо тозиёна хуб заданд. Сипас бо оҳани тафсон дар тахтапушташ нақши ситора кашиданд, гӯшу биниашро буриданд. Фашистони ваҳшӣ дастони дугонай Олга Мария Гусеваро зӯран шикастанду панҷаҳояшро бурида партофтанд. Мария Капинкаро чӣ? Мӯйҳояшро бурида, то вақти аз ҳуш рафтанаш азоб доданд. Духтар ба худ наомада аз олам гузашт. Бо вуҷуди ин духтарон худро далер медоштанд. Бо фармони гестапо ҳамаи маҳбусон-аъзоёни гурӯҳи ташкилоти пинҳонии комсомолӣ бо сардории Олга Филимонова ба паррондан ҳукм карда шуданд. Ҳангоми иҷрои ҳукм Клава Ледовая бо овози баланд гуфт: «Парронед, лаънатиҳои одамхӯр! Барои мо падару бародаронамон аз шумо қасос хоҳанд гирифт!».

Гурӯҳи пинҳонии комсомолон аз нав барқарор гардида, аз пештара бештар ҷасурона амал мекард. Бо ин гурӯҳ албатта алоқа кардан даркор буд.

Ниҳоят Кононенко аз Маруся пурсид:

  • Шояд ту шунида бошӣ: чӣ хел дар Кадиевка гурӯҳи пинҳонии комсомолӣ шикаст хӯрд?

  • Бале.

  • Мегӯянд, ки ин гурӯҳ аз нав барқарор гардида, амал карда истодааст.

  • Шубҳае нест, - гуфт Маруся, - фашистони немис аз ҳад зиёд зулму тааддӣ мекунанд, - косаи сабри мардум лабрез шудааст, бинобар он аз ҳеҷ чиз наметарсанд, мубориза мебаранд.

  • Бо аъзоёни ин гурӯҳ алоқа кардан даркор, Маруся. Ин аз пештара дида ҳозир бештар ба мо зарур аст.

  • Мехоҳед, ки ман ба Кадиевка равам?

  • Бале, лекин... - Кононенко аз ҷо хест ва чанд дақиқа фикр карда, боз ба ҷояш нишаст, - ҷосусон бисёр мегӯянд

пешина
аз 349
навбатӣ