Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

мезебид, ӯро боз дилкаштар карда нишон медод. Вале ҳозир, - шояд дар зери таъсири суханони партизанҳо бошад, аз ин - ба қавли командири отряд Кононенко - «рафторҳои изофа» даст кашида, хеле ҷиддӣ ва мулоҳизакор шуда буд. Ин дигаргуниро дар хислати ӯ на танҳо Кононенко, балки ҳамаи партизанҳои отряд мушоҳида мекарданду нисбат ба ӯ ҳусни таваҷҷуҳашон боз бештар мегардид. Яке аз хислатҳои хуби Маруся он буд, ки ҳеҷ гоҳ супоришро иҷро накарда, ба отряд барнамегашт. Ба ҳар ҷое ки мерафт, зуд бо одамон шиносӣ пайдо карда, бо ҷавонон ва духтару писарбачагони зираку ҷасур дӯст шуда мегирифт: онҳо дар ҳар маврид ба ӯ дасти ёрӣ дароз мекарданд.

Ҳозир Маруся аз деҳаи Лозовой баргашт. Вай дар заминкани Кононенко ҳамроҳи худаш ҷои нӯшида, ҳамту аз ину он сухан мекарду вале дар дил ба худаш мегуфт: «Кононенко, албатта бесабаб маро ба ин ҷо даъват карда наовард. Чӣ мегуфта бошад?». Оре, Кононенко ба Маруся гап дошт, гапи зарур. Ҳанӯз дар рӯзҳои аввали истилои шаҳри Кадиевка бо супориши пинҳонии ташкилоти ҳизбавӣ дар ин ҷо аз ҳисоби ҷавонон ва комсомолдухтарон гурӯҳи пинҳонӣ ташкил гардида буд, ки ба он Ольга Филимонова сардӣ мекард. Духтарон ҷасурона амал мекарданд. Онҳо кӯпруки роҳи оҳанро тарконданд. Се нафар дугонаҳо бо сардории Валя Капинчикова дар бораи қисмҳои дар Кадиевка қарордоштан фашистони истилогар маълумоти зарурӣ ҷамъ карда, аз хатти пеши фронт гузашта, онро ба штаби армияи амалкунанда расонданд ва 19 июли соли 1942 боз ба шаҳр баргаштанд.

25 июли соли 1942 дар натиҷаи хиёнати Андрей Паршин ва Дмитрий Чуркин аъзоёни ташкилоти пинҳонии комсомол аз тарафи гестапо ба ҳабс гирифта шуданд.

пешина
аз 349
навбатӣ