Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан- Ман ҳам, рафиқ командир, - гуфт Василий аз ҷоӣ хеста. - Ман Андрейкаро боз барои он эҳтиёт мекунам, ки мисли фарзанди худам дӯсташ медорам. Агар зинда бимонам, чӣ хел аз ӯ ҷудо шуданамро тасаввур карда наметавонам.
- Мефаҳмам, Василий, - гуфт Кононенко. - Ин хел бачаи доною пухтакорро дӯст надоштан мумкин не. Хайр, ту ҳам ба роҳ баро. Дар Чернухино вомехӯрем!
Онҳо дастони ҳамдигарро сахт фишурданд.
X
Соатҳои дуи шаб отряди партизанӣ ба роҳ баромад. Барфи хушк меборид ва шамоли сахт резаҳои онро печутоб дода, ба рӯи партизанҳо мезад. Партизанҳо сарҳояшонро хам ва баъзан пеши чашму рӯйҳошонро бо остини шинел, ё ки палто паноҳ карда, вазнин-вазнин қадам зада роҳ мерафтанд. Соатҳои чор ба беша расиданд ва дарун-даруни он роҳ рафта, сахт вазидани шамолро ҳис намекарданд, тез-тез қадам мемонданд. Касе гӯгирд зада, сигор даргиронд, ки инро Кононенко дида монд ва бо овози баланд гуфт:
- Илтимос, рафиқон, папирос накашед - нафас гирифтанатон душвор мешавад ва тез роҳ рафта наметавонед.
Оре, партизанҳо шитоб мекарданд. Онҳо 22 январ субҳ надамида, аз бешаи Кременский баромада, ба деҳаи Лозовой зада даромаданд. Дар ин ҷо на фашистони немис буданду на политсайҳе. Фурсатро ғанимат дониста партизанҳо деҳаҳои Горск ва Белолуцкро низ як дида баромаданду субҳдам ба истгоҳи Кременск зада даромаданд. Аз афташ, шумораи фашистону политсайҳо кам буд, ки дар аввал ҷо-ҷо оташ кушоданду баъд якбора хомӯш гардиданд. Маълум буд, ки онҳо роҳи гурезро пеш гирифтаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо