Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Гашти рӯз отряди Кононенко ба Лиман расид, ки аллакай дар кӯчаҳои он партизанҳои отряди Сиворонов бо душман ҷанг мекарданд. Гестапочиёну политсайҳо ба зарбаи партизанҳо тоб наоварда, маҷбуран таслим шуданд. Дар байни таслимшудагон коменданти Лиман Кравчук ва арбоби деҳаи Торск хоин Саперин низ буданд. Охиринро Андрейка шинохта давида, назди Василий омад: - Василий-амак, ман арбоби деҳаи Торскро дидам, - гуфт ӯ зуд-зуд нафас гирифта, - вай ману Анастасия Андреевнаро ба даст фуроварда кунҷковона хеле пурсида буд.
- Дар куҷо дидӣ?, - пурсид Василий. Дар байни партизанҳо, - ҷавоб дод Андрейка. - Вай, лаънатӣ, маро ҳам шинохт ва чашмонашро ало карда, зери бинӣ ғур-ғуркунон ким-чӣ гуфт.
Ҳар ду хоинро ба паррондан ҳукм карданд.
Василий ва Андрейка Кононенкоро ҷустуҷӯӣ карда ёфтанд. Вай дар майдони пеши вокзал бо як гурӯҳ сокинони ин ҷо, ки ҳангоми ба истгоҳ ҳуҷум кардани партизанҳо ҳар кас бо ҳар чиз мусаллаҳ шуда, ба ёрӣ баромада буданд, гап мезад. Вай онҳоро дида аз хурсандӣ ҳатто фарёд кард:
- Андрейка! Василий!
Андрейка худро ба оғӯши Кононенко, ки дастонашро ба пеш ёзонда ва васеъ кушода меистод, андохт. Андрейкаро падарвор бӯсида, Кононенко ӯро аз оғӯш раҳо кард ва гуфт:
- Акнун ба Чернухино ҳуҷум мекунем, рафиқон. Мегӯянд, ки қисмҳои Артиши Сурх низ наздиканд. Намедонам, ки кадоме аз мо пештар ба истгоҳ зада медароем. Ба фикрам, - Кононенко ба Андрейка рӯ овард, - рафиқони ту Шултс ва...номи дигараш чӣ буд? Ҳа, Франс. Ба фикрам, Шултс ва Франс ором наменишинанд, албатта.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо