Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

посбонони лагерро аз кор бароварда, ба комендатура ҳуҷум карданд. Ин вақт Франс бо оташи автомати худ ногаҳон ба гестапочиёни дар комендатура буда оташ кушода, ба партизанҳо имкон дод, ки беталаф ба ҳудуди лагер зада дароянд. Ҳангоми ҳуҷум кардан ба лагер пинҳонкорон низ якҷоя бо партизанҳо амал карданд. Гестапочиён ва политсайҳо ноилоҷ таслим шуданд. Тамоми асирони ҳарбӣ аз марги ногузир эмин ёфтанд.

Дар Чернухино бошад, ҳанӯз ҷанг давом дошт. На он қадар дуртар аз истгоҳи роҳи оҳани Чернухино дар бинои нимвайронаи дуошёнаи фашистон мустаҳкам ҷо гирифта, беист аз автомату пулемётҳо оташ мекушоданд ва ба пеш рафтани партизанҳо имконият намедоданд. Чанд нафар партизан ҳалок ва захмдор шуданд, ки дар байни онҳо командири отряд Кононенко низ буд. Василий ва Андрейка вайро дар бехи девор ба замин хобонида хостанд, ки палтои ҷармин ва гимнастёркаашро кашида ҷароҳаташро банданд, вале ӯ сар ҷунбонида ба ин кор роҳ надод: дар рӯяш тамоман хун намонда буд ва гап зада наметавонист. Андрейка бо сари ҳам оби дида мерезонд, Василий низ хомӯш истода, аз командир чашм намеканд. Ниҳоят Кононенко зӯр зада, охирин қувваашро ҷамъ карда, «нуқтаи оташ... нест кунед...» гуфту нафаси охирин бароварда, якбора хомӯш гардид.

Аз кадом як хонаи ошёнаи дуюми бинои нимвайрона оташфишонии пулемёти душман баланд гардид. Василий зуд қомат рост карда, аз гӯшаи биное, ки дар бехи девори он ҷасади Кононенко мехобид, сарашро ба пеш ёзонда, ба он тарафи кӯча, ба ошёнаи дуюми бинои нимвайрона назар кард. Вай тирезаеро, ки аз он оташи пулемёт мебаромад, дид. «Андрейка, аз ин ҷо як қадам ҳам наҷунб, ман ҳозир...» гуфт вай, дар ҳолате ки аз ғазаб ба сару рӯяш хун дамида буд ва дандонҳояшро ба ҳам соида шақаррос мезанонд. Вай

пешина
аз 349
навбатӣ