Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
граната дар даст ҳам шуда, сӯи он бино давид. Нав аз кӯча гузашта ба пайраҳа қадам монда буд, ки садои тирпарронӣ аз автомат баланд шуд ва Василий якпаҳлӯ ба рӯи асфалти пайраҳа ғалтид. Андрейка, ки аз бехи девор сар бароварда ин манзараро дида буд, беихтиёр сӯи Василий давида, дар як он ба вай расида, ҳам шуд ва аз замин гранатаи аз дасти Василий раҳоёфтаро гирифт ва ба роҳрав зада даромад. Дар ин ҷо нафасашро рост карда ва сарашро боло карда, лаҳзае гӯш кард. Оре, садои оташфишонии пулемёт аз хонае, ки дар болои сари ӯ буд, меомад. Андрейка тез бо пошнаҳо қадам зада, ба ошёнаи дуюм баромад ва дари хонаеро, ки аз он ҷо фашистон ба чорраҳа оташ мекушоданд, кушода дида, дасташро баланд бардошта, гранатаро партофт, вале дар як вақт аз даруни хона садои тири автомат баромад ва Андрейка рӯякӣ ба рӯи остона афтод. Таркиши граната баланд гардиду оташи пулемёт ҳам хомӯш шуд.
Чанд нафар партизан ба ин ҷо расида омаданд ва Андрейкаро дар ҳолати ҷон додан диданд. Вай партизанҳоро дида, гӯё табассум кардагӣ барин шуда, ба зӯр «Таркиши... охирин...» гуфту чашмонаш пӯшида шуданд. Як вақте Сиворонов ва Маруся ҳозир шуданд. Маруся ҳамон лаҳза чӣ воқеа рӯӣ доданашро фаҳмид ва фарёдкунон худро ба рӯи ҷасади беҷони Андрейка партофт: вай зор-зор гириста сару рӯяшро ҳанҷол мекард...
Садои бомбаю снарядҳо ва пулемёту автоматҳо бо овози пурзӯри «Урра!» омехта дар сартосари шаҳр баланд гардида, аз ғалабаи нави ҷангроварони шӯравӣ ва партизанҳои шуҷоъ хабар дод...
...Гашти рӯз партизанҳо ҷасади разведчики ҷасур Андрейка, ҷасади Василий ва сардори отряд Кононенкоро ба хок супурданд. Дар баробари дигарон дар сари қабри шаҳидон Маруся бо ашки резон нутқ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо