Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
намунаҳои мақолаҳояш намоиш гузошта шудаанд. Та-мошои ин маводҳо хотироти нависандаи ҷанговар ва бачагонро дар дилҳо аз нав бедор месозад.
Раҳуллоҳи Ҷӯрабой Рӯзномаи «Регар», 11 октябри соли 2003.
Ҷашнномаи нависандаи бачаҳо
(ба пешвози 70-солагии зодрӯзи Мустафо Шарқӣ)
Аъзоёни маҳфили «Кишваршиносони ҷавон»-и мактаби миёнаи рақами 12 деҳаи Каротоғ ба пешвози 70-умин солгарди нависандаи маъруфи тоҷик Мустафо Шарқӣ тайёрӣ мебинанд. Ҳамаи он дастовардҳое, ки дар маҳ-вази музеи кишваршиносии мактаб маҳфуз гаштаанд, онҳоро мутолиа карда, ба тартиб меандозад. То рӯзҳои ҷашн дар музеӣ боз як бурҷе пайдо мегардад, ки ҳаёт ва фаъолияти нависандаро дар бар мегирад. Ишти-рокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Асомаддин Саидов, ки ҳамсолу ҳамсинфу ҳамяроқи нависанда мебошад, ба аъзоёни маҳфил кӯмаки хешро мерасонад. Ӯ то имрӯз якчанд дастхатҳо, китобҳо маҷаллаҳо, ки ба қалами нависанда мансуб аст, аллакай бо мизи кориаш тайёр кардааст. А. Саидов ин дастовардҳои худро ба музеи кишваршиносӣ тақдим мекунад ва дар рӯзи ҷашн дар ситоиши нависанда хотираҳои худро иброз менамояд.
Дар музеи кишваршиносӣ низ дастхатҳо оиди на-висанда Мустафо Шарқӣ (Мустафоқул Назаров) ҷой дорад. Инак порчае аз хотироти пиразани 96-солаи деҳа Норбибӣ Саидова, ки дар ситоиши оилаи нависан-да, соли 1985 чунин баён карда буд: «Падари Муста-фоқулро Устоназари дуредгар ба забон мегирифтанд. Ӯ дар сохтмонҳои биноҳое, ки синҷу сутун доштанд, ҳу-нари ҳаккоқии худро харҷ мекард. Дар охирҳои умраш

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо