Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ба косибӣ машғул гашта, ресмонресӣ мекард. Бинобар ҳамин ҳам ӯро Устоназари обҷоқ мегуфтанд. (Обҷоқ шахсе, ки дар обу ҷоқи дӯконҳои бофандагӣ маҳорати калон дошт). Усто Назар соҳиби як писар ва ду дух- тар буд. Писараш Мустафоқул, духтаронаш Санавбар ва Зебо ном доштанд. Соли 1937 Усто Назар дар синни 70-солагӣ аз олам гузашт. Модари Мустафоқул Мунаввар ном дошт, ҳангоми дар фронт будани пи- сараш, соли 1945 аз олам чашм пӯшид».

Дар бораи овони бачагӣ ва ҷавонии Мустафо Шарқӣ, А. Саидов чунин нақл кард: Мустафоқул дар гуза- ри Хӯҷарӯшной (номи масҷиди маҳал) соли 1920 ба дунё омадааст. Соли 1924 дар Қаратоғ аллакай мак- таб-интернати шӯроӣ ба кор оғоз карда буд. Баъди чаҳор соли таҳсил соҳиби маълумот гашт ва таҳсилро дар мактаб-интернати Душанбе давом дод. Соли 1936 ба техникуми саноатии пойтахт дохил шуд. Дар даво- ми донишҷӯиаш истеъдоди баланди нависандагӣ пайдо кард. Соли 1938 донигоҳро бомуваффақият хатм кард. Ӯро котиби масъули рӯзномаи ноҳиявии Норак тағйин намуданд. Солҳои 1938-1940 дар ин вазифа кор кард. Соли 1940 ба сафи Артиши шӯравӣ даъват гардид. Дар қӯшунҳои артиллерияи зенитӣ хизмат кард. Баъд аз як соли хизмат ӯ ба набардҳои ҷангии Калинин, Курск, Сталинград то соли 1945 фиристода шуд. Соли 1946 аз сафи артиш баргашт. Мустафо Шарқӣ аз соли 1946 сар карда, ҳамчун ходими адабӣ дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ ва маҷаллаҳои бачагона кор кард. Соли 1961 ба аъзогии иттифоқи нависандагони ИҶШС сазовор гашт. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои ҳикоёт барои бачаҳо «Ёру ҷӯраҳо» (1958), «Мададгорони бобо» (1960), «Одам ва шер» (1961), «Кабутари сулҳ» (1964), очерк ва ҳикояҳо, «Меҳри модар» (1965), «Ҳикояҳо», повести «Таркиши охирин» (1978) мебошад. Чнде аз осорҳояш бо забони русӣ дар Маскав, Боку ва Фрунзе (ҳоло Бишкек) тарҷума шуда, ба чоп расиданд.

пешина
аз 349
навбатӣ