Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

БОЗИИ НОТАМОМ

Низом ба атроф саросема-саросема нигоҳ карда, нобоварона қадам мемонд. Аз ҳаракат ва ифодаи андоми ӯ маълум буд, ки аз чизе бим дораду худро аз назари дигарон ба канор мегирад. Ана дари хонаи муаллимон кушода шуд.

Бо шунидани ғиҷирроси дар дили Низом ба таппиш даромад. Вай фурсате ба ҳеҷ тараф ҳаракат накарда, карахт шудагӣ барин дар як ҷо хомӯш истод. Аз ҳуҷра як марди миёнақади куҳансол баромад. Пешонию рӯи гандумгуни ӯ чинҳои зиёд дошта, муйҳои ду чаккааш нуқра барин сафед метофтанд. Нигоҳи гарми чашмони сиёҳи ин пирамард аз феъли атвори хуши ӯ гувоҳӣ медод. Низом дид, ки пирамард ба тарафи ӯ як нигоҳ кардагӣ барин шуд. Ӯ худро зуд ба паси дари хонаи пешоҳангон (пионерон) гирифт. «Пагоҳӣ, ба хотир овард Низом, ба дорухона рафта истода, гуфта будам, ки ҳанӯз сиҳат нашудаам. Агар маро ҳозир дида бошанд, чӣ гумон мекунанд?»

Низом ҳамеша бо баҳои хубу аъло мехонд. Ҳамсинфонашборе ҳам аз муаллимон танбеҳ шунидани вайро надида буданд. Вале вақтҳои охир вай аз ҳад зиёд ба шоҳмотбозӣ дода шуда, ба тайёр кардани дарсҳояш кам аҳамият медод. «Дар пеш рӯзҳои дароз бисёр, - мегуфт худ ба худ, - имрӯз не, фардо кӯшиш мекунаму боз ба дигарон баробар мешавам-дия». Сабаб ин буд, ки Низом рафта-рафта дар синф хонандаи қафомонда шуда монд. Рафиқонаш сабаби аз дарсҳо ақибмонии ӯро медонистанд ва сарзаниш мекарданд. Барои он ки миш-мишҳо кам шаванд, Низом акнун аз ҳамсинфону муаллимонаш пинҳонӣ шоҳмотбозӣ мекард.

Низом гардани дарози худро ба пеш ёзонд: пирамард тамоман ба дигар тараф нигоҳ мекард.

пешина
аз 349
навбатӣ