Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
- Хайрият, надиданд, - гуфт Низом қоматашро рост карда ва дар як лаҳза ғоиб шуд.
Дар клуб ҳеҷ кас набуд. Вай бетоқатона пасу пеш қадам монда, ниҳоят ба яке аз курсиҳо нишаст ва аз қаҳр муштони хурдашро сахт фишурд.
- Э, Сабур, Сабур! - гуфт бо овози баланд Низом. - Маро ба ин ҷо даъват карду худаш наомад. Тарсончак!
Воқеа ин тавр шуда буд:
Дар яке аз танаффусҳо байни Низому Сабур ном талабаи синфи шашуми «А» баҳсу мунозираи калон рӯй дод. Низом ба Сабур маъқул кунонданӣ мешуд, ки бозии шоҳмотро аз ҳамаи пешоҳангони дружина нағзтар медонад. Сабур ин манмании Низомро то охир гӯш карда натавониста, гуфт:
- Бегоҳ, ба клуби мактаб биё, кӣ зӯр буданашро баъд мефаҳмем.
Ана имрӯз Низом маҳорати худро ба Сабур нишон доданӣ шуда, вазифаҳои хонагиашро ҳам тайёр накарда, ба ин ҷо омад. Аммо аз Сабур ҳанӯз дарак нест ва Низом ӯро бесаброна интизор аст.
Аз роҳрав ниҳоят шарфаи пои моне ба гӯш расид. Низом аз ҷояш ҷаҳида хесту боз ягон муаллимам набошад, гуфта нигарон истод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё