Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

дод, - Исроилов ба дорухона рафта истода буданд ва ногоҳ маро дида монданд. Аз роҳ боздоштанду пурсупос карда, «Бозии шоҳмот чӣ тавр, давом дорад?» гуфтанд. Гумон кардам, ки сир кушода шудааст, гаранг шуда мондам. Вале боз ман худро ба даст гирифтаму таваккал ҷавоб додам: «Не, бозӣ намекунам, ба имтиҳон тайёрӣ дида истодаам».

  • Чаро ин тавр гуфтӣ? - Сабур мақсади Низомро
    нафаҳмид.

  • Ту ҳам содда будаӣ, - Низом лабашро каҷ карда хандид. - Ба ҷои Исроилов ҳозир ба мо муваққатан дигар муаллим дарси алгебра медиҳад ва ӯ ҳанӯз аз ман ягон чиз напурсидааст. Росташро мегуфтам, Исроилов он муаллимро огоҳ мекарданд.

  • Огоҳонидан гиранд, аз чӣ метарсӣ?

  • Ман алгебраро он қадар ҳам дӯст намедорам, - иқрор шуд Низом дар охир. - Агар муаллим донад, ки ман ба дарси ӯ рағбат надорам ва бисёртар ба шоҳмотбозӣ вақт сарф мекунам, ҳар рӯз маро як бор не, чанд бор ба назди тахта мебарорад. Боз... боз фаъолҳо ҳам дорем. Онҳо танқидкуниро дӯст медоранд.

Сабур ҳамин тавр хулоса баровард, ки Низом худаш дарсҳоро тайёр накарда, аз рӯи дафтари дигарон рӯбардор мекардааст.

  • Хайр, ин тавр гӯй, - гуфт вай мад кашида, - дарсҳоро тайёр намекунӣ, ба донишат боварӣ надорӣ...

Низом зуд гапи Сабурро бурид:

  • Баъзан мешавад-дия. Хайр, ин гапҳоро мон, биё, сар кунем.

Сабур ба Низом ким-чӣ гуфтани буд, вале боз
худдорӣ карду даст афшонд:

  • Хайр... бозӣ бошад, бозӣ.

Ҳар ду сарҳои худро ба болои тахтаи шоҳмот хам
карданд ва бо навбат аввал пиёда ва баъд савораҳоро
ба ҷанг дароварданд. Низом тамоман ба бозӣ дода

пешина
аз 349
навбатӣ