Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хонданБа клуб лабонашро инҷ карда Сабур даромада омад.
- Чаро дер омадӣ?! - фарёд кард Низом.
- Қаҳр накун, - гуфт Сабур ва арақи пешониашро бо остинаш пок карда, фаҳмонд: - Ман дарсҳоямро тайёр карда омадам.
- «Дарсҳоямро тайёр карда омадам!» - масхаракунон такрор намуд Низом. - Ман бошам, чор соат боз дар ин ҷо аҳмақ шуда нишастам.
Низом сею ним соаташро дурӯғ гуфт, вале Сабур ба муболиғаи ӯ аҳамият надод. - Айби худат! Кӣ гуфт, ки барвақт биё? - Сабур оромона ба курсӣ нишаст ва пурсид: - Бозӣ мекунем?
Низом пилкашро овезон карда, лаҳзае хомӯш истод ва баъд ҷаҳлаш паст шуду ба сари миз омад. - Наздиктар шин, - таклиф кард ӯ ва тахтаи шоҳмотро пештар кашид. - Метарсам, ки баъд аз чор-панҷ гашт мотшуда намонӣ.
- Ин қадар баланд нарав, - Сабур дар гаппартой ҳам мағлуб шудан намехост, - мебинем кӣ чӣ хел бозӣ мекунад.
- Марҳамат!
Низом пиёда ва савораҳои сафедро ба рӯи тахта чида, гуфт: - Ман пагоҳӣ муаллимамон Исроиловро хуб боб карда фиреб додам-куя.
Сабур абрувонашро дарҳам кашид ва чашмони қаҳварангаш калонтар шуданд. - Исроиловро?
- Ҳа, ҳа, роҳбари синфамонро, такрор кард Низом.
- Навакак ҳам қариб бо он кас вохӯрда будам, вале худамро нишон надодам.
Сабур аз ин гапҳои Низом дар ҳайрат монда, суханони ӯро хомӯш истода, гӯш мекард. - Ман ба мактаб меомадам, - Низом ба нигоҳҳои кунҷковонаи Сабур аҳамият надода, суханасро давом

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё