Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан- Имшаб Кибрӣ бедорхобӣ кашидагӣ барин-а, бачаҳо?
- Рост? Набошад асабаш вайрон шудааст. Ҳа.
Агар Меҳтар Кибриро нигоҳ дошта, бачаҳоро хомӯш намекард, дар байни онҳо ҷиҷое рӯӣ намедод! - Сабр кун, Кибрӣ! Хомӯш шавед, бачаҳо! - дам ба Кибрӣ ва дам ба бачаҳо рӯ оварда ва дасташро баланд бардошта фарёд мекард Меҳтар.
- Ҳама ҷамъ шудааст, фақат Иззат нест. Чӣ таклифҳо ҳаст, сар мекунем ё вайро интизор мешавем?
- Сабр мекунем, - қатъӣ, вале бо овози паст гуфт Кибрӣ ва беҳуда хашмгин шудани худро ҳис карда, бо оҳанги узрхоҳона илова намуд:
- Худатон фикр кунед, бачаҳо, Иззат беҳтарин ҳуҷумкунандаи даста. Агар вай мебуд, ҳозир якчанд тарзҳои бозиро такрор карда, аз худ менамудем. Дар бозӣ бе ин чиз ғалаба кардан кори душвор!
Боз овози норозиёнаи бачаҳо баланд гардид: - Инро чанд рӯз пештар мегуфтӣ, гапи дигар буд.
- Худат мунтазир шав, ҳар чӣ ҳам бошад, Иззат ҷӯраи наздикат-дия. Мо машқ кардан мегирем. Рафтем, бачаҳо!
Ҳама ба майдон давида рафтанд. Илёс ҳам, ки ӯро ба ҷои Иззат таъйин карда буданду ҳоло вай дудила шуда истода буд, ба тарафи майдон қадам монда, гуфт: - Ба ростӣ, ту беҳуда хафа шуда истодай. Худи Кибрӣ ҳам медонист, ки хафа шуданаш беҳуда аст, вале гап аз чӣ сар шуд, чаро оташин шуда ба бачаҳо фарёд зад, фаҳмида наметавонист. Ба ин тарафу он тараф роҳ рафта, вай бе ихтиёр дарси имрӯзаи забони русӣ, хомӯшии синф, нигоҳҳои кунҷковонаи муаллима ва табассуми ҳаҷвомези бачагонро ба хотир овард: вай имрӯз дар назди тахта ду ҷумлаи оддӣ навишта, ба се хато роҳ дода буд. Рост, ки муаллима Лидия Ивановна ӯро танбеҳ накард, оромона ду-се сухани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё