Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
нарм гуфту бас. Аммо Кибрӣ, баъди ба ҷояш рафта нишастан, дар бораи суханҳои муаллима чуқуртар фикр карда, худро аз сад чӯб хӯрдагӣ ҳам бадтар ҳис намуд.
- Кибрӣ, ба ту чӣ шуд? Ин дафъа баҳои «2» мемонам. Умед дорам, ки дигар дар назди рафиқонат сурх намешавӣ... Ин суханони муаллима ҳанӯз дар гӯшаш садо медоданд.
Кибрӣ баъд аз ин, ҳамин ки дарс тамом шуд, рост ба хонаашон омаду барои тайёр кардани вазифаи хонагӣ ба сари миз нишаст. Аммо ин ба вай муяссар нашуд: имрӯз дастаи футболбозоне, ки ӯ капитани он буд, бояд бо яке аз дастаҳои мактаби ҳамсоя вомехӯрд. Инро ба хотир оварда, Кибрӣ китобу дафтарҳояшро аз рӯи миз ғундошт ва тайёр намудани вазифаи хонагиро ба шаб монда, давида ба ҷои бозӣ омад.
Вай ҳоло вохӯрии дар пеш истодаро, ки аҷаб нест дар ҳузури хонандагони ҳар ду мактаб гузарад, ба худ тасаввур карда кайфият мегирифт. Бохтани ин бозӣ на фақат барои бозингарони даста, балки барои ҳамаи хонандагони мактабашон шармандагии калон ҳисоб мешуд. Вай ана ба ҳамин андешаҳо дода шуда, нафаҳмида монд, ки чӣ тавр ба ҷӯраҳояш гапҳои сахт зад.
Кибрӣ инро баъдтар ҳис кард, вале худашро гунаҳгор намедонист ва гуноҳро ба Иззат мепартофт. «Агар вай дар вақташ ба ҷои бозӣ меомад, ман дар ғазаб намешудам ва ба дигарон гапҳои тезу тунд намегуфтам. Умуман муомилаи вай вақтҳои охир бо ман дигар шудааст. Худашро ким-чӣ хел донои доноҳо тасаввур мекунаду дигаронро кундфаҳму беақл...»
Ҳозир ба Кибрӣ нигоҳ кардан хеле аҷиб буд: гӯё чизеро бо иштиҳо хонда истода бошад, лунҷҳои фарбеҳаш меҷунбиданд — вай худ ба худ ким-чиҳо мегуфт.
- Кибрӣ! — фарёд кард Меҳтар. — Чаро симчӯб барин рост истодаӣ? Онҳо ҳам омаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё