Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Бо шунидани калимаи «онҳо» Қибрӣ мисли одами аз хоби сахт тарсида, як қад парида, зуд ба тарафи дарахтони он сӯи майдон чашм дӯхт. Дар он ҷо бозингарони дастаи мактаби ҳамсоя куртаҳошонро кашида шуда, саргарми сӯҳбат буданд. «Ана, маслиҳат мекунанд. Мехоҳанд, ки бозиро баранд... Мебинем, кӣ ғолиб мебарояд!» - бешубҳа аз дил гузаронд Қибрӣ ва дарҳол ба майдон даромада, ба ҷӯраҳояш ҳамроҳ шуд. Вай дам ба дам ҳаракатҳои нодуруст ва хатоҳоеро, ки ҷӯраҳояшон дар вақти ба дарвоза задани тӯб содир менамуданд, нишон дода, чӣ тавр гузаштани вақтро ҳис намекард. Вале бо умеди он ки шояд Иззат омада монад, гоҳ-гоҳ ба атроф саросема-саросема нигоҳ мекард. Баногоҳ назари ӯ ба як бачаи қоқинай малламӯй, ки каме дуртар истода, кунҷковона ба бозингарони даста нигоҳ мекард, афтод ва қариб буд «ана, Иззат!» гӯён фарёд кунад. Вале ин бачаи қоқинай малламӯй Иззат не, балки капитани дастаи мактаби ҳамсоя - Ризвон буд.
Ӯ наздик омада, ба Қибрӣ даст дод, баъд масофаи байни ду ҷуфт кафши дар ду тарафи Меҳтар гузошташударо, ки дарвоза ҳисоб меёфт, бо қадамаш чен карда баромад.
-
Дуруст... сар мекунем?
-
Барвақт не-мӣ?
-
Соат қариб чор, - ҷавоб дод Ризвон. - Ҳо, ана аз вай одам пурсидам.
Қибрӣ ба тарафи росташ назар карда, дар зери сояи дарахтон мактаббачагони бисёреро дид, ки дар байни онҳо пирамард низ буд. «Бозии мо кори саҳл нест, барои тамошо ҳатто калонсолон ҳам омадаанд», - аз дил гузаронд Қибрӣ. Аммо набудани Иззат ӯро боз ҳиҷил намуд. - «Коре карда бой надиҳем-дия». Дар ин лаҳза аз қиёфаи рӯи гандумгуни ӯ аломати ҳиҷолатмандӣ ва боварӣ надоштан ба қувваи дастаи худ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё