Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

гузашт - Дар куҷо дидед, ки дарвозабонро бе муҳофизат танҳо гузоранд? Вақте ки Ризвон ба дарвоза наздик шуд, на ту, на Илёс ҳеҷ кас набуд.

Кибрӣ мехост, ки ба Меҳтар бо ҳамон оҳанги гапзании ӯ ҷавоб гардонад, вале Илёсро дида, ниқорро аз ӯ гирифтанӣ шуд:

  • Ту чӣ, бозӣ кардаӣ ё рақс?

  • Чӣ шуд, чӣ шуд? - ба зӯр нафас кашида гуфт Илёс.

  • Чӣ мешуд? - таъна кард Кибрӣ. - Фақат фих-фих мекунию халос, тӯб бошад дар пеши пои онҳо. Натиҷаашро дидӣ-ку!

  • Агар бозӣ накун гӯй, намекунам! - ҷавоб дод Илёс, аммо ин гуна фикр дар сари Кибрӣ набуд ва ӯ «Эҳ, Иззат!» гӯён ба миёнаи майдон давида рафт, то ки бозиро давом диҳанд. Дар қисми дуввуми бозӣ дастаи Кибрӣ тамоман ба муҳофизат гузашт ва кӯшиш намуд, ки аз дарвозаашон дигар ягон тӯб нагузарад. Баъдтар Илёс, ки ӯро тобу тоқати давидан намонда буд, дарвозабон шуду Меҳтар ҳуҷумкунанда. Кибрӣ ва Меҳтар чанд бор бо тӯб ба самти дарвозаи ҳарифон зада даромаданд, аммо натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда натавонистанд.

Ба тамом шудани бозӣ қариб панҷ дақиқа вақт монда буд. Меҳтар ду бозингарро фириб дода, тӯбро бо зарбаи сахти пои росташ ба тарафи чапи дарвозаи муқобил равона кард, то ки Кибрӣ ба он расида гирифта, ҳисобро баробар кунад. Аммо... Ин аҷиб-ку? Чӣ шуда истодааст? Кибрӣ бо як ҷастухез ба бачаи хурдсоле, ки тӯбро оғӯш намуда, ба тарафи тамошобинон медавид, расида гирифт ва бо тамоми овозаш фарёд кард:

  • Тӯбро парто! Парто гуфтам, парто!

Бача ба Кибрӣ як нигоҳ карда хандиду баъд тӯбро партофта аз майдон гурехт. Ин укаи худи Кибрӣ - Ҳаёт буд. «Аз куҷо, чӣ тавр ба ин ҷо омада бошад?», - аз дил гузаронд Кибрӣ, аммо ҳозир вақти

пешина
аз 349
навбатӣ