Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ин гуна фикрҳо набуд ва ӯ боз ба бозӣ дода шуд. Ана дар ҳамин вақт Иззат пайдо шуда монд. Ӯ тӯбро аз Ризвон зада гирифта ва дар қарибии майдончаи ҷаримавӣ онро ба Кибрӣ дод.
-
Гол! Гол!.. Ана инро голи меҳнатӣ мегӯянд, - баланд шуд нидоҳои тамошобинон.
-
Хайрият, - гуфт Кибрӣ ба Иззат, худро андаке сабук ҳис карда, - вале ман бо ту бадтар гапзанон карданӣ ҳастам.
Ниҳоят вақт тамом шуда, ҳангоме ки бозӣ ба ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи мактаби ҳамсоя анҷом ёфт, Кибрӣ Меҳтарро фарёд карда гуфт:
-
Дидӣ, Иззат чӣ хел ҷӯра будааст! Масхарабоз барин худашро як нишон доду боз ғайб зада рафт.
-
Ин рафтораш, албатта, хуб нест, - гуфт Меҳтар, аз рухсораи суп-сурхаш арақро пок карда. - Бозиро бохтем, шармандагӣ...
Дар ҳамин вақт Илёс омада, «нест!» гуфт, ки бо шунидани ин калима дар чеҳраи Кибрӣ ифодаи тарс ҳувайдо гашт.- Чӣ шуд ба ту, Кибрӣ? - пурсид Меҳтар, гапро нафаҳмида.
-
Уқоям Ҳаёт... худат дидӣ-ку: навакак тӯбро гирифта гурехтанӣ шуд...
-
Чӣ, дар ин ҷо нест-мӣ?
-
Ман кофта наёфтам, - ҷавоб дод Илёс ба ҷои Кибрӣ. Илёс, ки ҳамсояи Кибрӣ буду ба ғайр аз падару модар дигар ҳеҷ кас-на ака ва на ука дошт, Ҳаётро дӯст медошт ва аксар вақти холиашро бо вай мегузаронд. Ҳамин ки Иззат ба бозӣ ҳамроҳ шуда буд, ӯ аз майдон баромада, ба назди Ҳаёт омада истод. Вале бо тамом шудани бозӣ гирду пешро ҳар чанд ҷустуҷӯ карда бошад ҳам, аз Ҳаёт дараке наёфт.
-
Аз хона баромаданамро модарам надида буд, эҳтимол, аз паси ман омада бошад! - гуфт Кибрӣ воқеаро ба Меҳтар фаҳмонданӣ шуда. Вай дар ин дақиқа хеле ҳиратабъ ва димоғсӯхта менамуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё