Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Розиқ ба Бастӣ бо ҳисси муҳаббат ва меҳрубонӣ менигаристанд. Бастӣ бошад, монанди ҳарвақта дар паси парта ором нишаста буд. Ӯ он ҳُсни таваҷҷӯҳеро, ки баъд аз суханҳои муаллим дар бораи устуворӣ ва хоксории вай дар дили ҳамсинфонаш пайдо шуда буд, пай намебурд, вале ҳаминашро нағз медонист, ки акнун рафиқонаш ҳам меҳнати ӯро ба назар мегиранд, бо вай хушмуомила мешаванд.

Ин андеша рӯҳияи Бастиро хеле баланд бардошт.

«ЭРКА БАЛОИ ҶОН»

Райҳон дар роҳ бо бозӣ машғул шуда, аз боғча ним соат дер баргашт. Модари ҷавони ӯ Тоҷихон, ки ғайр аз Райҳон дигар фарзанд надошт, ӯро беҳад дӯст дошта, навозиш мекард ва ҳар як рафтору кирдори духтарчаашро, хоҳ хуб бошаду хоҳ бад, маъқул медонист. Барои ҳамин ҳам модар аз Райҳон сабаби аз боғча дер баргаштанашро напурсид ва сарзаниш ҳам накард. Вай, баръакс, ӯро меҳрубонона ба оғӯш гирифта бӯсиду:

  • Ҷони очеш, либосҳоятро каш, - гуфт. Райҳон дасти модарашро гирифта ба пеш кашид:

  • Мактаб меравем, мактаб...

  • Ту ҳоло хурд ҳастӣ. Калонтар шавӣ, баъд ба мактаб меравӣ. Райҳон дасти модарашро сар надода, бо ҳамон оҳанги аввала такрор мекард:

  • Не, меравем, тамошо мешавад.

  • Чӣ хел тамошо мешудааст? Райҳон кӯдакона сар ҷунбонда, ҷавоб дод:

  • Концерт!

Райҳон дурӯғ нагуфт: бегоҳӣ ҳаваскорони мактаб

пешина
аз 349
навбатӣ