Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Ранги рӯи духтарча парида, пахта барин сап-сафед шуда буд. Ӯ дар пой сандалча ва дар-тан куртаи сурхи холҳояш сафед дошт.

Ман ӯро ба рӯи дастонам бардошта алвонҷ додам, то ки шамол хӯрда, зудтар ба худ ояд. Оҳиста-оҳиста ранги рӯи духтарча даромад ва ба худ омада ба гарданам сахт часпид ва гиря кард. Ман ӯро ба зӯр ором кардам.

  • Номат чӣ?. Азизакам? - пурсидам аз духтарча.

  • Сабоҳат - гуфт духтарча бо овози гирифта.

Дере нагузашта апааш ҳамроҳи дугонаҳояш омада монд. Ман Сабоҳатро ба онҳо супоридам.

Маълум гардид, ки Сабоҳат ҳамроҳи апааш ва дугонаҳои ӯ ба беша омада, аз онҳо ақиб мондааст ва ба шаголҳо вохӯрдааст. Онҳо ӯро қитиқ карда-қитиқ карда ба замин афтондаанд.

Ман аз духтарча пурсидам:

  • Боз аз апаат ҷудо мешавӣ?

-Не, - гуфт Сабоҳат аз бари домани апааш гирифта, ба ман нигоҳ карда, табассум намуд.

ФИРЕБИ КАБК

Баҳор. Ҳама ҷо каб-кабуд, пур аз лолаю савсан, сиёҳгӯшу наврӯзӣ. Аз ҳар тараф хониши кабк, чириқ-чирики гунҷишкон ба гӯш мерасад. Офтоб саҳоватмандона нурафшонӣ мекунад ва гармиаш ба кас чунон форам менамояд, ки ихтиёр менамоед соате дар зери шуоъҳои тиллоранги он ба рӯи сабза ғел занед ва ё дароз кашида дам гиред. Насими форам бошад, ҳазору як хел бӯи муаттарро ба машоми кас мерасонад.

пешина
аз 349
навбатӣ