Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Кабк бошад, аввал оҳиста-оҳиста, баъд тез-тез по монда, як ба ақибаш нигоҳ карда гирифт: чӯҷаҳояш кайҳо ба таги буттаҳо даромада, пинҳон шуда буданд, ногоҳ кабк якбора ба ҳаво парвоз карду зуд аз назар ғоиб шуд.

Мунаввар ноумед шуда, гиря кард.

  • Чаро чӯҷаро сар додӣ? - пурсидам аз ӯ.
  • Ман... ман... калонашро доштанӣ будам,- гуфт Мунаввар ҳиққос зада.

ОДАМ ВА ШЕР

Ман маркабро пасттарин ҳайвонҳо медонам. Дар мавриде ки вай гургро мебинад, аз роҳ рафтан бозистода, ҳамон дам ҳангос мезанад, гӯё бо ин гуфтанӣ мешавад: «Ман дар ҳамин ҷо, ҷанобам, чӣ коре ки бо ман мехоҳед, кардан гиред». Гург хурсанд шуда, ба назди маркаб меояд ва гӯшти ӯро канда-канда хӯрдан мегирад. Маркаб то даме, ки аз хунравӣ беқувват гардида, ба замин наафтад, аз ҷояш намеҷунбад ва танҳо ҳиққос мезанаду бас. Хуллас, аҳмақии маркаб бисёр аст. «Чун хар аҳмақ» гуфтани одамон ҳам аз ҳамин сабаб ба вуҷуд омадааст.

Сабаби маркаб нигоҳ надоштан ва онро бад виданам низ дар ҳамин буд. Аммо боре маҷбур гардида, ба маркаб савор шудам, ки он ҳам ба ноомади кор оварда расонд. Ноомадаш ҳам гап не, қариб ҳаётамро аз даст дода будам. Ховалинги мо ҷои баландкӯҳ буда, бо ҳавои софу тоза, оби зулол ва бешаҳои зебоманзараш дар тамоми Тоҷикистон ном баровардааст. Ман ҳоло дар водӣ зиндагонӣ мекунам, вале Ховалингро ҳамеша бо муҳаббат ёдоварӣ менамоям. Вақтҳое мешуд, ки ба асп савор шуда, камон дар китф аз паи

пешина
аз 349
навбатӣ