Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Чӣ мегӯед, ки навъе карда, ба беша расида гирифтам ва дилам каме таскин ёфт. Ба ёди он, ки чашмам ба сайде меафтад, камонро ба даст гирифта, ба чор тараф назар мекардам, ба ҳар як садо - хишир-хишири буттаҳо ва шилдир-шилдири оби зулоле, ки аз байни беша ҷорӣ буд, гӯш меандохтам. Ба ногоҳ назарам ба даррандае афтод, ки якта-якта қадам ниҳода ба тарафи ман меомад. Ин мири даррандаҳо - шер буд.

Зудтар худро ба канор гирифта, аз назари ӯ пинҳон шудан даркор буд, лекин маркаби лаънатиро ҳар қадар хала кунам ҳам, аз ҷояш намеҷунбид. Хостам, ки аз маркаб фаромада гурезам, дер шуд. Аз тарс ҳуш аз сарам парид ва чӣ тавр дар наздам ҳозир шудани он даррандаи бузургқувваро нафаҳмида мондам. Фақат ҳаминашро ҳис кардам, ки вай маро чун барра ба пушташ партофту кадом як роҳеро пеш гирифт.

«Аз афташ маро бурда мехӯрад, - аз дил гузаронидам ва беҳуш шудам. Чӣ қадар вақт гузаштанашро намедонам, фақат ҳаминашро дар хотир дорам, ки наъраи шерро шунида, ба ҳуш омадам ва ба зӯр чашмамро нимрог кардам. Он ҷо лаби чашма буд. Дар муқобили худ ду шер ва як шербачаро дидам.

«Оҳ, маро барои сер кардани шиками бачааш ба ин ҷо оварда будааст», - аз дил гузаронидам ва боз аз ҳуш рафтам. Як вақте ҳис кардам, ки маро касе нихта карда истодааст. Чашмамро кушодам. Шери нар, ки маро пуштора карда оварда буд, бо пояш бачагонашро нишон медод, шери мода бошад, чашмашро ало ва дандонҳояшро гиз намуда, аррос мезад. Ман аз ваҳму ҳарос шах шуда мондам.

Шери нар маро нихта карда, боз бачаҳояшро нишон дод. «Ягон гап ҳаст», - ба фикрам омад ва

пешина
аз 349
навбатӣ