Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳа, ҳа, тарсидед? Овози чӯҷаи гапподароро шунида, хоҳарону бародаронаш аз катак баромаданд. Чӯҷаи гапподаро бошад, ба хоҳарону бародаронаш бо тамасхур нигоҳ карда, суханашро давом дод: - Ана, аз кӣ ибрат гиред! Ман аз ҳеҷ кас ва аз ҳеҷ чиз наметарсам, донамро худам ёфта мехӯрам...

  • Ҳавобаландӣ накун, ношуд, - сарзаниш кард модараш - бо ин корат ягон рӯз ба балое гирифтор мешавӣ.

Аммо чӯҷаи гапподаро аз гуфтаҳои модараш хулосае набаровард: вай ба таври пештара аз хоҳару бародаронаш ҷудо мегашт, аз паси ҳар чиз овора шуда, шабҳоро дар ҳар куҷо мегузаронд.

Як шаб чӣ шуд, ки соҳиби ҳавлӣ дар назди катак дом нагузошт. Он рӯз ба хонаи ӯ меҳмонҳо омада буданд ва пухту пази соҳибони хона то бевақтии шаб давом кард. Чӯҷаи гапподаро, ки аз даводавиҳои рӯзона беҳад хаста шуда буд, афтону хезон ба зӯр

пешина
аз 349
навбатӣ