Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ба назди оташдон омад. Алави оташдон бошад, ҳанӯз фурӯзон буд. Вай ноумед шуда, ба назди катак омаду дари онро маҳкам дид.

Ҷӯҷаи гапнодаро маҷбур шуд, ки шабро дар назди катак, дар ҳавои кушод гузаронад. Вай печу тоб хӯрда, ба назди дари катак нишаст ва зуд ғанабаш бурд.

Нисфи шаб ба ҳавлӣ шағоле омад ва он ҷӯҷаи гапнодароро, чи тавре ки дар афсонаҳо девҳо мегӯянд, як луқмаи хом кард. Дар рӯи замин аз ҷӯҷаи гапнодаро танҳо пару пат монду бас.

Пагоҳӣ мурғи холдор бачаҳояшро аз катак баровард ва пару патҳоро нишон дода гуфт:

  • Дилам ба якрави гапнодаро месӯзад, лекин акнун илоҷе нест: шағол ӯро зинда ба зинда хӯрдааст. Ин бояд ба шумо сабақ шавад.

БО ЧАШМОНИ ХУДАМ...

  1. Устохайрулло

Дар деҳаи Қаратоғ Кулолӣ ном гузаре ҳаст. Мардуми он аз қадим боз бо касби кулолӣ машғул шуда меоянд. Ягона касе, ки дар ин ҷо кулолгарӣ намекард, Устохайрулло буд.

Устохайрулло пирамарди миёнақад, сурхинарӯй, серҳаракат ва хушгапе буд. Вай осиёбон буда, дар вақтҳои холигиаш морҳоро дошта, онҳоро дар бозорҷоӣ ба мардум намоиш медод.

Тамошобинони ҷазбмантарини Устохайрулло мо, бачагон, будем. Вай баъзан ба ду чаккаи морҳояш пӯпакҳои хурд-хурди ҳарранга овехта, ба бозорҷоӣ гирифта меовард, тарзи зиндагӣ, чӣ тавр ва аз куҷо гирифта шудани ҳар морро ба тафсил гуфта медод.

пешина
аз 349
навбатӣ