Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

нагуфтам. Дере нагузашта мо ба назди даравгарон омадем. Онҳо бо дос аз доманаи кӯҳсор сар карда, рӯ ба тарафи боло ғалла медаравиданд. Барои ман ҳаминаш шавқангез намуд, ки яке байтеро бо овози баланд месароид, дигарон бошанд, ҳама баробар онро такрор мекарданд ва акси овози даравгарон ба тамоми кӯҳсор паҳн шуда, ҷарангос зада мерафт.

  • Монда нашавед! - гуфтанд падарам бо овози баланд. Ва дастурхонро ба замин монданд.

  • Саломат бошед! - пасту баланд якчанд овоз шунида шуд.

Шиносамон ва дигар даравгарон ба назди падарам омада вохӯрдӣ карданд. Аз сару рӯи онҳо арақ беист ҷорӣ мешуд, тамоми либосашон пур аз хас ва сарак буд. Кадоме аз даравгарон саракеро оҳиста ба паси гардани рафиқаш халонд, он шахс бошад, хазанда гумон карда, бо дасти чап ба паси гардани худ сахт зад ва саракро гирифта, тамоман ба каси дигар бо ғазаб ало-ало нигарист. Ҳама хандиданд. Ман пай бурдам, ки он шахс ҳазлбардор набудааст.

Ҳама давра зада нишастанд. Шиноси падарам, ки марди тахминан чилупанҷсолаи сурхинарӯи гӯлариш ва

пешина
аз 349
навбатӣ