Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
мисли модараш миёнакади фарбеҳе буд, дақиқае ба дастурхон синча карда истод. Назари падарам ҳам ба дастурхон афтод.
-
Дар вақти нон печонидан дастурхон шикоф набуд, - гуфтанд падарам ва онро саросемавор кушода, якбора худро ба ақиб партофтанд: аз байни нон нӯги ба дуки чархреси монад чизе намудор буд. Шиноси падарам табассум кардагӣ барин шуд. Вай нонҳоро ба як тараф гирифта мондан гирифт ва думи мор намудор гардид. Ман ин хел морро бори аввал дида истода будам.
-
А-а! - гуфта монданд падарам. - Аз куҷо, чӣ тавр?
-
Ҳозир, - гуфт шиносамон ва нонҳоро, ки гӯё мор дуки чархреси буду ӯро аз байни онҳо шикоф карда гузаронда бошанд, кашида бароварданд гирифт.
Мор қариб яку ним ваҷаб дарозӣ дошт ва сару думаш як хел - борик ва тез буд.
-
Зинда? - пурсид касе.
-
Тирмор будааст, - гуфт шиносамон. Ин мор тир барин тез гузашта меравад, дар ин вақт хоҳ ба душманаш ва хоҳ ба ягон чизи дигар - санг, замин, дарахт бархӯрад, мемурад.
Даравгаре аз падарам пурсид:
-
Чӣ хел ҳуҷум кардааст, ки нафаҳмида мондед?
-
Худам ҳам намедонам, - ҷавоб доданд падарам.
Ман ҷунбидани навдаи дарахт ва инро ба парида рафтани парранда вобаста карданамро, ки дар роҳ пиндошта будам, ҳикоя кардам.
-
Ҳа-а!, - гуфт шиносамон мад кашида, - баъзан тирмор ба дарахт баромада шинак гирифта меистад, ҳамин ки одам ё ҳайвоне ба ӯ баробар шуд, ҳуҷум мекунад.
-
Бахтам баландӣ кард, - гуфтанд падарам ва дар бозгашт бо роҳи дигар ба боғ омаданд.
Ман, ки тирморро ҳеҷ гоҳ надида будам, баъд аз ин дар бораи вай тасаввуроте пайдо кардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё