Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Ҷазои дузд

Чандсола буданам дар хотирам нест, фақат ҳаминашро хуб медонам, ки ҳанӯз мактабхон набудам ва рӯзи дароз бо ҷӯраҳоям дар кӯча давутоз карда мегаштам. Боре ман бо писари амакам Раҷаб дар таги чинори боҳашамате, ки дар ақиби ҳавлии мо қомат рост карда буд, бозӣ мекардем. Дар сӯрохии ин чинор ҳар сол зоғ тухм мемонд ва бача мебаровард. Ҳамин ки зоғ барои бачагонаш хӯрдание меовард, онҳо баробар овоз мебароварданд. Мо аз поён ба боло нигариста, мегуфтем:

  • Эҳ, агар ба чинор баромада метавонистем, яктогӣ зогча дошта мегирифтем. Ин орзуи мо ниҳоят ҷомаи амал пӯшид. Писари калонии амакам гуфтугӯи моро шунида, ба чинор баромад ва аз сӯрохии он ду зоғчаро гирифта фаромад. Якеро ба ман, дигареро ба укояш тақдим кард.

Мо аз хурсанзӣ дар куртаҳоямон намеғунҷидем ва бо камоли фахр мегуфтем:

  • Чӣ зоғчаи хушрӯй! Дигарон ин хел зоғча надоранд!

Мо зоғчаҳоямонро ба бағал ҷо карда, хурсандона -тозон-тозон ба хонаҳоямон рафтем.

Дар рӯзи дигар ман фаҳмидам, ки зоғчаи Раҷабро гурба хӯрдааст, зоғчаи ман бошад, зинда буд. Зоғча зуд ба ман ром шуд. Вай дар хона, рӯи ҳавлӣ озодона гаштугузор карда, ҳама чизро нӯл зада медид. Ман ба зоғчаам бештар малах ва гӯшт медодам. Вай аввалҳо ба токҷа, аз токҷа ба рӯи хона, аз рӯи хона ба рӯи ҳавлӣ, аз рӯи ҳавлӣ ба дарахтон парвоз

пешина
аз 349
навбатӣ