Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

карда, ҳавлиҳои ҳамсояҳоро низ «санҷида» мебаромад. Вай акнун калон шуда буд.

  • Тамоман парида намеравад-а! - мегуфтам ман аз зогам хурсанд шуда.

  • Ин зоғи шум дигар ба ҳеҷ куҷо намеравад, - бо ғазаб ҷавоб медоданд модарам. - Ту вайро кай дафъ мекунӣ?

Аз чӣ сабаб буд, ки модарам ин зоғро бад медиданд. Шояд аз сабаби он бошад, ки зоғ дар вақти ҷомашӯӣ карданашон ба либоси навшусташуда нӯл зада, гоҳо собунро ба ҷойҳои дигар бурда мемонд. Ба ҳар ҳол, инаш ба ман равшан набуд.

Ман ҳам ба гапҳои модарам аҳамият надода, зоғамро дӯст медоштам ва бо гӯшту малаҳ шикамашро сер мекардам.

Лекин якчанд вақт нагузашта, ба овози модарам овози ҳамсоязанҳо низ зам шуд: ҳама баробар ба зоғи ман лаънат мехонданд.

  • Ин дуздро аз куҷо ёфта овардӣ? - оташин шуда гуфт боре ҳамсоязан. - На собун монд, на сӯзану даравш, на ресмон - ҳама чизро дуздида бурд.

Ман киро дар назар доштани ҳамсоязанро нафаҳмидам ва пурсидам:

  • Кӣ?

  • Боз кӣ мегӯяд-а! - хитоб кард ҳамсоязан. - Ҳамон зоғи гӯркобад-дия!

Баъд аз рафтани ҳамсоязан падарам гуфтанд, ки ҳамсояҳо ҳам аз зоғ шикоят карда истодаанд, чӣ мешавад, ки ман аз он халос шавам.

Оё ман зоғи дӯстдоштаамро нест карда метавонистам? Ҳатто фикри аз ӯ ҷудо шудан дар хаёлам ҳам набуд.

Ман бо нигоҳҳои тараҳҳумталаб ба падарам нигаристам. - Хайр, худам илоҷашро меёбам, - гуфтанд падарам.

пешина
аз 349
навбатӣ