Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бегумон, аз кибр хезад душманӣ,
Ҳосил ояд хорӣ аз коҳилтанӣ.
Носири Хусрав

Зи доно мўйи арзад як ҷаҳоне,
Наярзад сад сари нодон ба ноне.
Носири Хусрав

Зи нодон дўстӣ доно наҷўяд,
Ки душманро касе чун дўст гўяд?!
Носири Хусрав

Бузургӣ ҷуз ба доноӣ мапиндор,
Ки нодон ҳамчу хоки роҳ шуд хор.
Носири Хусрав

Наёбад марди ҷоҳил дар ҷаҳон ком,
Надорад бўю лаззат меваи хом.
Носири Хусрав

Агар доно бувад хасми ту беҳтар,
Ки бо нодон шавӣ ёру бародар.
Носири Хусрав

Туро гар кўдаке ёр асту оқил,
Беҳ аз пире бувад нодону ҷоҳил.
Носири Хусрав

Саодат ихтилоти зиракон аст,
Зи нодон гар расад суде, зиён аст.
Носири Хусрав

Агар чилсоларо ақлу адаб нест,
Ба таҳқиқаш нашояд одамӣ хонд.
Носири Хусрав
Ду нодон гарчи бошад ёру ҳамдам,
Зи ногаҳ душманӣ ҷўянд бо ҳам.
Носири Хусрав

Бибур аз ҷоҳил, арчи хеш бошад,
Ки ранҷи вай зи роҳат беш бошад.
Носири Хусрав

Ҳарчанд ки бар минбар нодон бинишонанд,
Ҳаргиз нашавад ҳамбар бо доно нодон.
Носири Хусрав

Ҷуз бадӣ н-орад дарахти ҷаҳл чизе баргу бор,
Барканаш зуд аз дилат з-он пеш, к-ў боло кунад!
Носири Хусрав

Ба ҳам донову нодон кай бувад хуш?
Куҷо дамсоз бошад обу оташ?
Носири Хусрав

Зи нодону зи ноҷинсу зи нокас
Ба шаб бигрезу мангар ҳеч бар пас!
Носири Хусрав

Касе чун умр бо нодон ба сар бурд,
Нашуд доною нодон мурду хар мурд.
Носири Хусрав
Макун бо аҳли ҷаҳл, эй ёр, суҳбат,
Ки з-он суҳбат расӣ ҳар дам ба меҳнат.
Носири Хусрав

Зи ҳар бадӣ биҷаҳӣ, чун зи ҷаҳли худ биҷаҳӣ.
Носири Хусрав

Бадтар аз коҳилӣ надонаш чиз,
Коҳилӣ кард Рустамонро ҳез.
Абдулмаҷди Саноӣ

пешина
аз 331
навбатӣ