Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хуфта бедор кардан осон аст,
Ғофилу мурда ҳар ду яксон аст.
Абдулмаҷди Саноӣ

Коҳилиро ҳар ки созад пешае,
Ояд аз хорӣ ба пояш тешае.
Фаридуддини Аттор

Нашнавад аз дўст аблаҳ пандро,
Аз ҷаҳолат бигсалад пайвандро.
Фаридуддини Аттор

То ки аҳмақ боқӣ аст андар ҷаҳон,
Марди муфлис кай шавад муҳтоҷи нон?!
Ҷалолиддини Румӣ

Қатра бо қулзум чу истеза кунад,
Аблаҳ аст ў, риши худ бармеканад.
Ҷалолиддини Румӣ

Ибтило ранҷест, к-он раҳм оварад,
Аҳмақӣ ранҷест, к-он захм оварад.
Ҷалолиддини Румӣ

Нодон ҳама ҷо бо ҳама кас омезад,
Чун ғарқа ба ҳар чи дид, даст овезад.
Бо мардуми зиштном ҳамроҳ мабош,
К-аз суҳбати дегдон сиёҳӣ хезад.
Саъдии Шерозӣ

Баландовоз нодон гардан афрохт,
Ки доноро ба бешармӣ бияндохт.
Саъдии Шерозӣ

Агар нодон ба ваҳшат сахт гўяд,
Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷўяд.
Саъдии Шерозӣ

пешина
аз 331
навбатӣ