Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳоли нодонро беҳ аз нодон намедонад касе,
Гарчи дар дониш фузун аз Бўалӣ Сино бувад.
Таъни нобино мазан, эй дам зи биноӣ зада,
З-он ки нобино ба кори хештан бино бувад.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ду ҷоҳил ба ҳам муттаҳид нестанд,
Раҳи ақлро муътақид нестанд.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Бувад маълуми ҳар озоду банда,
Ки нодон мурдаву доност зинда.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Чу нодон зи доно кунад саркашӣ,
Набинад зи даврони гетӣ хушӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳамон беҳ, ки нодон ба доно равад,
Ки аз донишаш кор боло равад!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Боде, ки зи пои ҷаҳл хезад,
Дар дидаи ақл хок безад.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Даъвии дониш кунӣ аз ҷоҳилӣ,
Ҳосили таҳсили ту беҳосилӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Басе беҳтар бувад нодони хомўш,
Зи доное, ки дар гуфтан занад ҷўш.
Бадриддин Ҳилолӣ
Дафтар зи касе бувад, ки хонад,
Нодон варақу сабақ чӣ донад?!
Бадриддин Ҳилолӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё