Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳар ки бо донотар аз худ баҳс кунад, то бидонанд, ки доност, бидонанд, ки нодон аст.
Саъдии Шерозӣ
Агар ҷоҳиле ба суханварию шўхӣ ғолиб ояд, аҷаб нест, ки сангест, ки гавҳар ҳамешиканад.
Саъдии Шерозӣ
Нодонро беҳ аз хомўшӣ чизе нест, вагар ин маслиҳат бидонистӣ, нодон набудӣ.
Саъдии Шерозӣ
Ҷоҳилон чун ба делел аз хасм фурў монанд, силсилаи хусумат биҷунбонанд.
Саъдии Шерозӣ
Одамиро батар аз иллати нодонӣ нест.
Саъдии Шерозӣ
Аҳмақро ситоиши хеш хуш ояд.
Саъдии Шерозӣ
Ҷаҳлу кўрит сар ба чоҳ кашад,
Илму бандагӣ ба Моҳ кашад.
Рукниддини Авҳадӣ
Ҷўши ҷоҳил чу оташи хошок,
Бардамад зуду зуд гардад хок.
Рукниддини Авҳадӣ
Чун ҷомаи чармин шумарам суҳбати нодон,
Зеро ки гарон бошаду тан гарм надорад.
Ибни Ямин
Оҳ-оҳ аз дасти саррофони гавҳарношинос,
Ҳар замон хармуҳраро бо дур баробар мекунанд.
Ҳофизи Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё