Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳунар ҳар куҷо афканад сояе,
Чу зилли ҳумояш диҳад пояе.
Хусрави Деҳлавӣ

Тан ба дуди чароғу бехобӣ
Наниҳодӣ, ҳунар куҷо ёбӣ?
Рукниддини Авҳадӣ

Дар ҳунар кўш, ки зар чизе нест,
Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Чу нодонон на дар банди падар бош,
Падар бигзору фарзанди ҳунар бош!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Айб аст, ки дар ҳунар накўшӣ,
Сад айб ба як ҳунар напўшӣ!
Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,
Дар дидаи мардумон азиз аст.
Дар мавсими қудрати ҷавонӣ
Нақде ба каф ор, то тавонӣ!
Бадриддини Ҳилолӣ

Рў намеорад ба хони ҳеч кас соҳибҳунар,
Боғбон ризқи худ аз пушти гулистон мехурад.
Сайидои Насафӣ

То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд,
З-иқбол даре ба рўи кас боз нашуд.
Абдулқодири Бедил

Ҳар ки бошад қарини аҳли ҳунар,
Зуд ёбад ба ҳар мурод зафар.
«Калила ва Димна»
Аҳли ҳунар гар ба шуморе дуранд,
Беҳунарон низ ба коре дуранд.

пешина
аз 331
навбатӣ