Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Касе, к-ў дар ҳунар бардошт ранҷе,
Бихар ҳар нуқтаи он кас ба ганҷе!
Фаридуддини Аттор
Аз ҳунари хеш кушо синаро,
Моя макун нисбати деринаро!
Оби гуҳарҳои куҳанро маҷўй,
Дур чу куҳан гашт, шавад зардрўй!
Саъдии Шерозӣ
Агар ҳаст мард аз ҳунар баҳравар,
Ҳунар худ бигўяд, на соҳибҳунар.
Саъдии Шерозӣ
Ҳунар чашмаи зоянда аст ва давлати поянда, ва гар ҳунарманд аз давлат бияфтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст, ҳар ҷо, ки равад, қадр бинад ва бар садр нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад.
Саъдии Шерозӣ
Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол, бузургӣ ба хирад аст, на ба сол.
Саъдии Шерозӣ
Ҳунар ба чашми адоват бузургтар айб аст.
Саъдии Шерозӣ
Ҳунар пояи мард афзун кунад,
Сар аз ҷайби иқбол берун кунад.
Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз,
Куҷо боҳунар шуд асири ниёз?!
Хусрави Деҳлавӣ
Ҳунар, к-ў масал ҳаст дар тору пуд,
Ҳунармандро сар наёрад фуруд.
Хусрави Деҳлавӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё