Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Баде дар ҷаҳон бадтар аз оз нест,
Абулқосими Фирдавсӣ

Агар хоҳӣ, ки аз шумори озодмардон бошӣ, тамаъро ба худ роҳ мадеҳ ва дар дил ҷой макун!
Унсурулмаолии Кайковус

Зи тамаъ аст кўтаҳзабон марди оз,
Чу шуд тамаъ кўтаҳ, забон шуд дароз.
Асадии Тўсӣ

Ҳар он сар, ки ў озро афсар аст,
Ба хок андар аст, ар зи Маҳ бартар аст.
Асадии Тўсӣ

Ба гетӣ-дар он аст дарвештар,
К-аз оз аст бар дил гиреҳ бештар.
Асадии Тўсӣ

Накўтар бувад номи зуфтӣ басе,
Зи хоне, ки бо тамъ бинҳад касе.
Асадии Тўсӣ

Тамаъ орад ба мардон рангзардӣ,
Тамаъро сар бибур, гар марди мардӣ!
Носири Хусрав

Озодагию тамаъ ба ҳам н-ояд,
Ман кардаам озмун ба сад марра.
Носири Хусрав

Некхў гаштӣ, чу кўтаҳ кардӣ аз ҳар кас тамаъ,
Пешрав гаштӣ, чу кардӣ оқилонро пайравӣ.
Носири Хусрав

Озод шавӣ чун алиф агарчанд,
Имрўз ба зери тамаъ чу долӣ.
Носири Хусрав

пешина
аз 331
навбатӣ