Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Агар бо саг нахоҳӣ ҷуст пархош,
Тамаъ бигсил зи хуну гўшти мурдор!
Носири Хусрав
Зуд бияфкан зи дилат банди оз,
То шавӣ аз бандагӣ озод зуд.
Носири Хусрав
Тамаъ дар ҳар чи бастӣ, пойбастӣ,
Чу даст аз ҷумла шустӣ, рав, ки растӣ!
Носири Хусрав
Тамаъ дорӣ, саги ҳар тиракешӣ,
Чу бурридӣ тамаъ, султони хешӣ!
Носири Хусрав
Гар бикорӣ озмунро тухми оз,
Гар бирўяд, барнаёрад ҷуз муҳол.
Носири Хусрав
Тамаъ бисёр кардан хорӣ орад.
Носири Хусрав
Гардан аз бори тамаъ лоғару борик шавад.
Носири Хусрав
Зишт бор аст, эй бародар, бори оз!
Носири Хусрав
Машав он ҷо, ки донаи тамаъ аст,
Зери дона нигар, ки доми балост!
Масъуди Саъди Салмон
Марди қонеъ на марди лўс бувад,
К-аз тамаъ гурба чоплўс бувад.
Абдулмаҷди Саноӣ
Шери пурзўр на аз пояи хорист ба банд,
Саги таммоъ на аз баҳри азизист ба дар.
Абдулмаҷди Саноӣ
Ту, ки дар банди ҳирсу оз шудӣ,
Ҳамчу зар дар даҳони гоз шудӣ.
Абдулмаҷди Саноӣ
Ҳар ки бар хашму оз қоҳиртар,
Ўст бар хасми хеш қодиртар.
Абдулмаҷди Саноӣ
Ҳар киро бошад тамаъ, алкан шавад,
Бо тамаъ кай чашми дил равшан шавад?!
Ҷалолиддини Румӣ
Ғаразҳо тира дорад дўстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?
Ҷалолиддини Румӣ
Чун ғараз омад, ҳунар пўшида шуд,
Сад ҳиҷоб аз дил ба сўи дида шуд.
Ҷалолиддини Румӣ
Набояд бастан андар чизи кас дил,
Ки дил бардоштан корест мушкил.
Саъдии Шерозӣ
Лаб ба ҳар туъма маёлой, ки дандон шиканад
Бар сари хоки фурўмоя зи полудаи қанд.
Саъдии Шерозӣ
Қаноат сар афрозад, эй марди ҳуш,
Сари пуртамаъ барнаёяд зи дўш.
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё