Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Дидаи аҳли тамаъ ба неъмати дунё
Пур нашавад, ҳамчунон ки чоҳ ба шабнам.
Саъдии Шерозӣ
Тамаъ банду дафтар зи ҳикмат бишўй,
Тамаъ бигсилу ҳар чӣ хоҳӣ бигўй!
Саъдии Шерозӣ
Гардани бетамаъ баланд бувад.
Саъдии Шерозӣ
Гар ҳаст обрўй, чу дасти тамаъ занӣ,
Аз обрўи хеш, рав, он дастро бишўй!
В-он кас, ки шуст дасти тамаъ з-оби ҷўи халқ,
Аз оби хеш даст нашўяд ба ҳеҷ рўй.
Аз оби ҷўй даст бишў, з-обрў машўй,
Зеро ки обрўй набошад чу оби ҷўй.
Хусрави Деҳлавӣ
Ба дил донаи ҳирс чандон макор,
Ки охир пушаймонӣ орад ба бор!
Хусрави Деҳлавӣ
Тамаъро бар ҳама дар рўи зард аст,
Хайи пешонӣ оби рўи мард аст.
Хусрави Деҳлавӣ
Канори ҳавз, дило, пур куҷо тавонӣ кард
Ту аз тамаъ, ки се ҳарфи миёнтиҳӣ афтод.
Салмони Соваҷӣ
Тамаъро се ҳарф аст тиҳӣ,
Аз он нест мар томеонро беҳӣ.
Салмони Соваҷӣ
Дар ҳар диле, ки иззи қаноат ниҳод пой,
Аз ҳар чи буд, ҳирсу тамаъро бибаст даст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё