Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Набошад фаровонхуриш тандуруст,
Бузург он, ки ў тандурустӣ биҷуст.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳама дарди тан дар фузун хўрдан аст.
Асадии Тўсӣ
Об арчи ҳама зулол хезад,
Аз хўрдани пур малол хезад.
Низомии Ганҷавӣ
Иллати мардум зи пурхорӣ бувад,
Хўрдани пур тухми беморӣ бувад.
Фаридуддини Аттор
Таом афзун махур ногоҳу носоз,
Ки он афзун туро, бешак, хурад боз.
Фаридуддини Аттор
Бо он ки дар вуҷуд таом аст ҳаззи нафс,
Ранҷ оварад таом, ки беш аз қадар бувад.
Саъдии Шерозӣ
Макун раҳм бар марди бисёрхор,
Ки бисёрхор аст бисёр хор!
Чу гов ар ҳамебоядат фарбеҳӣ,
Чу хар тан ба ҷаври касон дардиҳӣ!
Саъдии Шерозӣ
На чандон бихур, к-аз даҳонат барояд,
На чандон, ки аз заъф ҷонат барояд!
Саъдии Шерозӣ
Макун, гар мардумӣ, бисёрхорӣ,
Ки саг з-ин мекашад бисёр хорӣ!
Саъдии Шерозӣ
Кашад марди пурхора бори шикам
Вагар дарнаёбад, кашад бори ғам.
Саъдии Шерозӣ
Лавзина, ки созвори ҷон аст,
Дар меъда, чу пур хурӣ, зиён аст.
Хусрави Деҳлавӣ
Бихур чандон, ки нанҳад хонаи тан
Зи бешию камӣ рў дар харобӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Зани пурбор бошад марди пурхор,
К-аз ў сад нохушӣ зояд ба як бор.
Бадриддин Ҳилолӣ
Ғизои кам шифоангез бошад,
Бале асли даво парҳез бошад.
Бадриддин Ҳилолӣ
Танўри меъдаро пурдуд кардӣ,
Сафои дил ғуборолуд кардӣ.
Бадриддин Ҳилолӣ
Мурдагонро агар кунанд савол,
К-аз чӣ додед умри худ ба завол?
Ҳама гўянд: «иллати мурдан
Буд моро балои пурхўрдан».
Бадриддин Ҳилолӣ
Дар пеши табиб омад он аблаҳи лур,
Яъне: «Шикамам ҳамеша дорад қур-қур.
Ҳар чиз, ки мехурам, намегардад ҳазм».
Фармуд: «Авал ҳазм кун, он гоҳ бихўр!».
Абдулқодири Бедил

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё