Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар риёзат нафси бадро гўш мол,
То наяндозад туро андар залол.


Нафси бадро ҳар ки сераш мекунад,
Бар гунаҳ кардан далераш мекунад.


Нафси бадам зиён кард, дар байни ом бадном кард.

24.ПОРАХЎРӢ ВА РИШВАТХОҲӢ

Ҳар он ҷо, ки пора шавад дар дарун,
Шавад устуворӣ зи равзан бурун.
Абдуллоҳи Ансорӣ

Чун нон пора-пора шавад ҳоким,
Гар ҳукм кард боре бе пора.
Носири Хусрав

Чун диҳад қозӣ ба дил ришват қарор,
Кай шиносад золим аз мазлуми зор?!
Ҷалолиддини Румӣ

Ҳама касро дандон ба туршӣ кунд шавад, магар қозиро, ки ба ширинӣ.
Саъдии Шерозӣ

  1. СУХАНЧИНӢ

Ҳам аз наммом парҳез, эй бародар,
Ки аз наммом ҷон афтад дар озам!
Носири Хусрав

Суханчинро надеҳ наздики худ ҷой,
Ки дар як дам кунад сад фитна барпой.


Ба ғаммоз гардад ҷаҳон сарнагун,
Ки нопокҷон асту кинадарун.


Чу ғаммозро дидӣ, андар замон
Ба теғи сиёсат бибурраш забон!


Суханчинро макун наздики худ ром,
Ки бад гўяд туро ҳам дар саранҷом.


Суханчин шарики шайтон асту душмани инсон.

пешина
аз 331
навбатӣ