Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Илм сайд омаду китобат қайд,
Беҳ, ки дар қайд баста бошад сайд.
Камолиддин Биноӣ
Сад хона китоб хондию нест ба ёд,
Бояд, ки китобхона дар сина бувад!
Тошхоҷа Асирӣ
Савод мояи илм асту илм айни ҳаёт.
Абулқосим Лоҳутӣ
Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.
Як нуктаи мухтасар зи мактаб гўям:
Одам нашавад касе, магар аз мактаб.
Садриддин Айнӣ
Беҷон ҷасадро қадре набошад,
Ҷисм аст инсон, ҷон аст мактаб.
Садриддин Айнӣ
Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ,
Ки мусоҳиб бувад гаҳу бегоҳ.
Беҳҷатафзои ҷону роҳати дил,
Ҳар чи дилхоҳи туст, аз ў ҳосил.
Инчунин ҳамдами латиф кӣ дид,
Ки наранҷидаву наранҷонид?
Ҳусни хат беҳ зи ҳусни дилдор аст,
Ҳамчу Моҳе, ки дар шаби тор аст.
Ҳар гулеро хазон бувад дар пай,
В-ин гулистон ҳамешагулзор аст!
Китоб мўнис ва ғамгусори авқот аст, ки ҳузну андўҳро бар суруру шодмонӣ табдил медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё