Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳурмати илму устоду китоб
Лозими ин раҳ аст аз ҳама боб.
Ҳар ки ў тарки ин се ҳурмат кард,
Азми идбору майли зиллат кард.
Пой аз ҳурмат он касе, ки кашид,
Андар ин раҳ ба ҳеҷ ҷо нарасид.
Камолиддин Биноӣ
Фаромўш макун ҳаққи устоди илм,
Ки бар ҳиммати ўст бунёди илм.
Агар дар дилат меҳри устод нест,
Ба дасти умеди ту ҷуз бод нест.
Мар туро ҳар ки бошад раҳнамой,
Шукри ў мебояд овардан ба ҷой.
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеч мавлое нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезе нашуд!
Гуфтанд: «Устод, шогирдон аз ту наметарсанд?».
Гуфт: «Ман ҳам аз шогирдон наметарсам».
Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро!
Рўзгор забардасттарини омўзгорон аст.
Шогирд аз устои беустод усто нашавад.
8.ИЛМУ АМАЛ
Он, к-ў накунад тоат, илмаш набувад илм,
Заргар набувад мард, чу бар зар накунад кор.
Носири Хусрав
Бе илм амал чун дирами қалб бувад, зуд
Расво шаваду шўра бурун ораду зангор.
Носири Хусрав
Илмро ҷуз, ки амал банд надидаст ҳаким,
Илмро кас натавонад, ки бибандад ба таноб.
Носири Хусрав
Ҳамчу лўълў кунад, эй пур, туро илму амал,
Роҳи боби ту ҳамон аст, бирав бар раҳи боб!
Носири Хусрав
Зевару зеби занон аст ҳариру зару сим,
Мардро нест ба ҷуз илму амал зевару зеб.
Носири Хусрав
Ғўл бошад, на олим он, ки аз ў
Бишнавӣ гуфту нангарӣ кирдор.
Абулмаҷди Саноӣ
Илм бо кор судманд бувад,
Илми бекор пойбанд бувад.
Абдулмаҷди Саноӣ
Илм дорӣ, амал на, дон, ки харӣ,
Бори гавҳар барию коҳ хўрӣ.
Абдулмаҷди Саноӣ
Аз ман бигўй олими тафсиргўйро:
«Гар дар амал накўшӣ, нодон муфассирӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё