Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Бори дарахти илм надонам ба ҷуз амал,
Бо илм агар амал накунӣ, шохи бебарӣ!»
Саъдии Шерозӣ
Ду кас ранҷи беҳуда бурданд ва саъи бефоида карданд: Яке он ки андўхту нахўрд ва дигаре он ки омўхту накард.
Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ!
На муҳаққиқ бувад, на донишманд,
Чорпое–бар ў китобе чанд!
Он тиҳимағзро чӣ илму хабар,
Ки бар ў ҳезум аст ё дафтар?
Саъдии Шерозӣ
Олимеро, ки гуфт бошаду бас,
Ҳар чи гўяд, нагирад андар кас.
Саъдии Шерозӣ
Якеро гуфтанд: «Олими беамал ба чӣ монад?» Гуфт:
«Ба занбўри беасал».
Саъдии Шерозӣ
Ҳар ки илм хонду амал накард, бад-он монад, ки гов ронду тухм наяфшонд.
Саъдии Шерозӣ
Илм, к-аз аъмол нишонеш нест,
Колбаде дораду ҷонеш нест.
Хусрави Деҳлавӣ
Аз илм мурод ҷуз амал нест.
Камоли Хуҷандӣ
Дар илм ба нияти амал кўш,
То заҳри ту з-ин амал шавад нўш.
Бадриддин Ҳилолӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё