Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба дониш шод гардӣ аз дилу ҷон,
Ки бедониш бувад ҷовид ҳайрон.
Носири Хусрав

Илму ҳикматро талаб кун, гар тараб ҷўӣ ҳаме,
То ба шохи илму ҳикмат пуртараб ёбӣ рутаб.
Носири Хусрав

Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад,
Камоли одамӣ дар илм бошад.
Носири Хусрав

Тан ба ҷон зинда-ст, ҷон зинда ба илм,
Дониш андар кони ҷонат гавҳар аст.
Носири Хусрав

Наздики хирад гавҳари бақоро
Аз дониш беҳ ҳеч кимиё нест.
Носири Хусрав

Зебо ба илм шав, ки на зебояст,
Он кас, ки ў ба дебо зебо шуд.
Носири Хусрав

Дар ҳикмату илм аст ҷамоли тани мардум,
На дар ҳашам асту на ҷалол асту ҷамол аст.
Носири Хусрав

Чун паст бувадт қомати дониш,
Чун сарв чӣ суд мар туро боло?
Носири Хусрав

То илм наёмўзӣ, некӣ натавон кард.
Носири Хусрав

Марг ҷаҳл асту дониш зиндагӣ.
Носири Хусрав
Илм бо кор судманд бувад,
Илми бекор пойбанд бувад.
Абдулмаҷди Саноӣ

Илм, к-аз баҳри ҳашмат омўзӣ,
Ҳосилаш ранҷ дону бадрўзӣ.
Абдулмаҷди Саноӣ

Илми беҳилм шамъи бенур аст,
Ҳар ду бо ҳам чу шаҳду занбўр аст.
Абдулмаҷди Саноӣ

Илм, к-аз ту туро набистонад,
Ҷаҳл аз он илм беҳ бувад бисёр.
Абдулмаҷди Саноӣ

Илм, к-аз баҳри боғу роғ бувад,
Ҳамчу мар дуздро чароғ бувад.
Абдулмаҷди Саноӣ

Илми беҳилм хоки кўй бувад,
Илми боҳилм обрўй бувад.
Абдулмаҷди Саноӣ

Илм агар андак бувад, хораш мадор,
З-он ки дорад илм қадри бешумор.
Фаридуддини Аттор

Ҳар ки дорад донишу ақлу тамиз,
Аҳли ақлу илмро дорад азиз.
Фаридуддини Аттор

Ҷумла торикист ин миҳнатсарой,
Илм дар вай чун чароғи раҳнамой.
Фаридуддини Аттор

пешина
аз 331
навбатӣ