Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Илм чун бар дил занад, ёре шавад,
Илм чун бар тан занад, боре шавад.
Ҷалолиддини Румӣ

Даъво макун, ки бартарам аз дигарон ба илм,
Чун кибр кардӣ, аз ҳама нодон фурўтарӣ.
Саъдии Шерозӣ

Ҳар чи дорӣ, бидеҳу давлати маънӣ биситон,
То чу ин неъмати зоҳир биравад, он монад.
Саъдии Шерозӣ

Банӣ - Одам аз илм ёбад камол,
На аз ҳашмату ҷоҳу молу манол.
Саъдии Шерозӣ

Агар рўзӣ ба дониш дарфузудӣ,
Зи нодон тангрўзитар набудӣ.
Саъдии Шерозӣ

Мард, ки дониш зи паи об ҷуст,
Даст зи дониш ҳам аз он об шуст.
Хусрави Деҳлавӣ

Илм ҳамон аст ба таҳқиқу бас,
К-аз раҳи таҳқиқ барорӣ нафас.
Хусрави Деҳлавӣ

Илм, к-аз аъмол нишонеш нест,
Колбаде дораду ҷонеш нест.
Хусрави Деҳлавӣ

Илмро дузд бурд натвонад,
Бо аҷал низ мурд натвонад.
На ба майли замон хароб шавад,
На ба сайли замин дар об шавад.
Рукниддини Авҳадӣ

пешина
аз 331
навбатӣ